9.9 C
Dushanbe

Толибон зомини амнияти Раҳмонов дар Бадахшон

Сафари кории раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба охир расид.

Дар ин сафари корӣ, ки рӯзҳои 12-14-уми октябр сурат гирифт, Раҳмон ба сохтмони чанд иншоот оғоз бахшиду якчанд иншооти дигаро боз кард ва бо сокинону фаъолон ва мақомдорони ВМКБ мулоқот кард.

Дар мулоқотҳо Эмомалӣ Раҳмон аз мубориза бо ифротгароӣ, сатҳи ҷиноят ва соҳаи сайёҳӣ дар ин минтақа гуфту мисли ҳамеша оморҳои иқтисодии имрӯзаро бо оморҳои 20-30 соли гузаштаи кишвар муқоиса кард.

Аз ҷумла, Раҳмонов иддао кард, ки дар даврони истиқлолият зиёда аз 37 ҳазор хонаводаи ин минтақа қитъаҳои замин гирифтаанд, ки ин се маротиба зиёдтар аз замони то соли 1991 мебошад.

Инчунин ӯ дар мулоқот бо сокинони Бадахшон ба рушди истеҳсоли саноатӣ ишора намуда, ки дар ҳудуди ВМКБ беш аз 100 корхонаи нави саноатӣ сохта шудааст, ки аз онҳо 56 корхона танҳо дар ду соли охир фаъол шудаанд. Илова бар ин, Раҳмонов иддао кард, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10 номгӯй дар соли 1991 то ба зиёда аз 60 номгӯй дар солҳои охир расидааст.

Дар идома раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки дар соли 2023 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 215 миллион сомонӣ расид, ки ин 3,5 баробар бештар аз соли 1993 мебошад. Аммо, Раҳмон гуфт, ки сарфи назар аз афзоиши шумораи корхонаҳои саноатӣ ва ҳаҷми истеҳсолот, иқтидори саноатии минтақа ҳанӯз ҳам пурра истифода намешавад. Ӯ ҳукумати кишвар ва вазоратҳоро барои фаъолсозии корҳо дар самти истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, ки ВМКБ аз онҳо бой аст, дастур додааст.

Раҳмонов ҳамчунин аз рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин минтақа эрод гириф ва ба мақомоти маҳаллӣ супориш додааст, ки барномаи нави рушди сайёҳиро таҳия намоянд. Ба гуфтаи ӯ дар соли 2023 аз Бадахшон танҳо 50 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дидан кардааст, ки ин хеле камтар аз интизориҳост.

Дар суҳбатҳояш бо сокинони ВМКД Раҳмонов аз кам шудани сатҳи ҷиноят дар ин вилоят гуфта, ҳамзамон аз “ҳамроҳшавии баъзе сокинони вилоят, аз ҷумла ҷавонон ва содиршавии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, бахусус аз ҷониби сокинони ноҳияи Ванҷ” изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ҳоло даҳҳо нафари онҳо барои содир намудани ин ҷиноятҳо дар кофтуков қарор доранд.

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба ВМКБ сурат мегирад, ки мақомот бо дастури ӯ ва бо баҳонаи мубориза бо терроризму экстремизм дар солҳои 2021-2022 даҳҳо сокини бегуноҳи ин минтақаро ба қатл расонда, чандин фаъол, рӯзноманигор, ҳуқуқдон ва раҳбарони мардумии Бадахшонро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда буданд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ бо шарти наовардани номаш ба Azda.tv гуфт, ки мақомот пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ бо ҳукумати Толибон гуфтугӯ анҷом дода, иҷозаи мустақар шудани яке аз муовинони Саймумин Ятимов, раҳбари КДАМ ва 50 нерӯи вежаро дар ҳудуди Афғонистон (минтақае, ки бо ВМКБ ҳаммарз аст) барои таъмини амнияти раисҷумҳури Тоҷикистон гирифтаанд ва ин нерӯҳо то ба охир расидани сафари кории ӯ онҷо мустақар будаанд.

Додугирифти Ҳукумати Тоҷикистон бо Толибон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои ҷаҳонӣ аз хатари Толибон мегӯяду аз онҳо интиқод мекунад ва хостори ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон аст. Ва аз сӯи дигар мақомоти Толибон ҳам пас аз 20 соли мубориза ва берун кардани нерӯҳои амрикоӣ аз хоки Афғонистон ба як нерӯи хориҷӣ иҷозаи мувақаттан мустақар шуданро, медиҳанд, ки ба гуфтаи коршиносон баёнгари муносибатҳои хуби амниятии Тоҷикистону Толибон аст.

То ҳол ин хабарро мақомоти Тоҷикистону Толибон расман шарҳ надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе”

21-уми октябри соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии "Китоби Душанбе" баргузор шуд.

Тамдиди тафтиши парвандаи чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноии чанд чеҳраи маъруфи сиёсии кишварро барои ду моҳи дигар дароз кард.

Пирӯзии Тоҷикистон бар Афғонистон

Дастаи миллии волейболи Тоҷикистон дар бозиҳои қаҳрамонии Осиёи Марказӣ бар тими миллии Афғонистон пирӯз шуд.

Ҳуҷум ба як муҳоҷири тоҷик бо корд

Гурӯҳе аз ҷавонони рус ба як муҳоҷири тоҷик дар рӯзи равшан ва дар байни сокинони маҳаллӣ ҳамла карда, 8 кордаш зананд.