Русия барои муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карданист

Дар Русия гирифтани иҷозаи иқомат (ВНЖ) барои муҳоҷиронро мехоҳанд мушкил кунанд.

Вазорати рушди иқтисоди Русия тарҳи қонунеро барои баррасии умум пешниҳод кардааст, ки дар сурати қабул шудани он танҳо муҳоҷироне, ки муассисаҳои таълимӣ (коллеҷҳо, техникумҳо, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои илмии) Русияро хатм кардаанд, метавонанд иҷозати иқоматро гиранд.

Вазорат таъкид кардааст, ки чунин тадбирҳо имкон медиҳад ба иқтисоди Русия мутахассисони хориҷие, ки забони русиро медонанд ва аз фарҳанги Русия ошно ҳастанд, ҷалб карда шаванд. Илова бар ин, муҳоҷир қабл аз дархости иҷозати иқомат бояд на камтар аз шаш моҳ аз рӯи ихтисосаш кор карда бошад.

Гуфта мешавад, чанд моҳи охир мақомоти Русия фишор болои муҳоҷирони кориро бештар карда, барои маҳдуд кардани фаъолияти онҳо қонунҳои зиёдеро қабул карда истодаанд. Ҳатто кори муҳоҷирон бо баҳонаи амниятӣ дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла таксиронӣ дар аксар минтақаҳои ин кишвар манъ шуда, нархи иҷозатномаи корӣ ҳам гарон шудааст.

Инчунин 15-уми октябри соли ҷорӣ вакилони рус лоиҳаи қонунеро қабул карданд, ки он тартиби гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) барои хориҷиёнро мушкил мекунад. Ҳамакнун пас аз издивоҷ бо шаҳрванди Русия ва ё фарзандхондии кӯдак, муҳоҷирон танҳо пас аз се сол метавонанд барои дарёфти иҷозаи иқомат ё иқомати муваққатӣ муроҷиат кунанд. Қаблан ин раванд хеле тезтар сурат мегирифт ва шаҳрванди хориҷӣ метавонист ҳуҷҷати иқоматро дарҳол пас аз издивоҷ бо шаҳрванди Русия ба даст биёрад.

Илова бар ин, ҳукумати Русия иҷозатномаи иқомати муваққатии муҳоҷиронро коҳиш додааст. Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, барои соли 2025 ҳамагӣ 5,5 ҳазор иҷозатнома ҷудо шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2024 ду баробар камтар аст.

Ҳамзамон дар думаи давлатии Русия чанд лоиҳаи қонуни дигар, ки ба пурзӯр кардани назорати муҳоҷират нигаронида шудаанд, аз ҷумла сахт кардани муҷозот барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷавобгарӣ барои сохтакории ҳуҷҷатҳо, бастани сомонаҳое, ки муҳоҷирати ғайриқонуниро пешниҳод мекунанд, манъи ширкати миёнаравҳо дар имтиҳоноти муҳоҷирон ва ғайра дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ ин лоиҳаи қонунҳо ба эҳтимоли зиёд то моҳи декабри соли ҷорӣ қабул хоҳанд шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД фолбинҳо, фоҳишаҳо ва мизоҷони онҳоро низ ба қайд мегирад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки фолбинҳо, мизоҷон ва наздикони онҳоро ба махзани махсус ворид карда, зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Ду нафар дар Душанбе бо гумони истеҳсол ва паҳн кардани доруҳои қалбакӣ боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо гумони истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои қалбакӣ дар Душанбе хабар доданд.

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисоби кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.