Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои оянда коҳиш меёбад

Бонки ҷаҳонӣ бо нашри як гузориш гуфтааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2025 ва 2026 нисбат ба чор соли ахир наздик ба 3,0 дарсад коҳиш меёбад.

Ин бонк ҳамчунин дар гузоришаш мегӯяд, ки тайи 4 соли ахир кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон нисбат ба дигар кишварҳои минтақа рушди иқтисодии беҳтаре доштаанд.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки пас аз буҳронҳо дар кишварҳои рушдёбандаи минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, иқтисодиёт тадриҷан устувор шуда истодааст, аммо суръати рушди иқтисодӣ нисбат ба аввали солҳои 2000-ум хеле пасттар аст.

Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021 9,4 дарсад, соли 2022 8,0 дарсад, соли 2023 8,3 ва дар назар аст, то охири соли 2024 7,2 ва интизор меравад соли 2025 5,5% ва соли 2026 5,0% рушд кунад. Яке аз иллатҳои коҳиши рушди иқтисоди кишвар дар солҳои оянда бозпардохти қарзҳо ва фоизҳои қарзҳои гирифтаи ҳукумат мебошад.

Дар ин гузориш низ таъкид шудааст, ки рушди иқтисоди кишвари Узбекистон дар соли 2021 8,0% дар соли 2022 6,0%, соли 2023 6,3%, ва интизор меравад то охири соли ҷорӣ 6,0%, инчунин пешбинӣ мешавад, ки соли 2025 5,8% ва соли 2026 низ 5,9% рушд дошта бошад.

Тибқи пешгӯиҳо, рушди иқтисодӣ дар ин минтақа имсол то 3,3% коҳиш хоҳад ёфт, дар ҳоле, ки соли гузашта он 3,5% буд. Дар соли 2025 ин нишондиҳанда метавонад то 2,6% коҳиш ёбад. Ин ба таври назаррас аз сатҳи миёнаи солҳои 2000-2009, ки 5,1% буд, камтар аст. Инчунин ин суръат барои кишварҳои дорои сатҳи даромади миёна кофӣ нест, то онҳо дар тӯли ду насли оянда ба мақоми кишварҳои дорои сатҳи даромади баланд бирасанд.

Дар маҷмуъ, гузориш нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ ба таҳсилот, аз ҷумла такмили барномаҳои илмҳои табиатшиносӣ, технология, муҳандисӣ ва риёзӣ метавонад омили асосии рушд дар солҳои наздик бошад.

Дар гузоришаш Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки беҳтар кардани сифати маориф, бахусус дар соҳаи таҳсилоти олӣ, барои эҷоди сармояи инсонӣ ва қуваи кории лозим барои барқарор кардани рушди иқтисодӣ нақши калидӣ мебозад. Бо муваффақ шудан ба ислоҳоти омӯзишӣ, кишварҳои минтақа метавонанд қуваи инсонӣ ва имконоти рушди худро афзоиш диҳанд ва дар рушди устувори иқтисодӣ саҳм гузоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.