29.9 C
Dushanbe

Ҳамла ба Туркия ва ҳамлаи Туркия ба Ироқу Сурия

Рӯзи 23-юми октябри соли ҷорӣ ба як корхонаи саноат ҳавонаврдии Туркия (Turkish Aerospace (TUSAŞ)) дар Анқара ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.

Мақомоти Туркия эълон карданд, ки дар пайи ин ҳамла 5 нафар кушта шуда ва 22 каси дигар хазмӣ шудааст.

Алӣ Ярлӣ Кая, вазири амнияти Туркия дар изҳороте ҳамларо “ҳамлаи террористӣ” хонд ва Ҳизби коргарони Курдистон “PKK”-ро масъули ин ҳодиса донист. Дар ин изҳорот гуфта шуда, ки ҳамла аз ҷониби як зан ва як марди мусаллаҳ анҷом шуда, ки ҳарду ҳам дар даргирӣ бо нерӯҳои зудамали ин кишвар кушта шуданд.

Ҳамзамон вазири амнияти Туркия мегӯяд, аз 5 нафари кушташуда 4 нафараш кормандони корхонаи мазкур буда, як нафараш ронандаи таксӣ будааст. Аммо ин масъул афзуд, ки дар байни захмиён 7 нафарашон нерӯҳои зудамали Турикя ҳастанд, ки ҳангоми даргирӣ бо муҳоҷимон захмӣ шуданд.

Бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Амрико, Британия, Олмон ин ҳамларо “террористӣ” дониста, маҳкум карданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бо нашри изҳороте гуфтааст, ки “Тоҷикистон ин амали террористиро, ки бар асари он мардуми осоишта кушта ва захмӣ шудаанд, қотеъона маҳкум менамояд.”

Вазорати дифои Турки рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гузориш дод, ки пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи дирӯз ба корхонаи саноати ҳавонавардии Анқара, шоми ҳамон рӯз ба мавзеъҳои гурӯҳи шибҳи низомии Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқу Сурия ҳамла кардааст.

Туркия эълом кард, ки “ҳамлаи талофиҷӯёна 47 ҳадафи мутааллиқ ба террористонро дар шимоли Ироқу Сурия пурра аз байн бурд.”

Ин вазорат дар гузоришаш мегӯяд, ки нерӯҳои давлатии Туркия аз аввали соли ҷорӣ то кунун 2 ҳазору 235 узви гурӯҳи низомии Ҳизби коргарони Курдисонтро аз по даровардааст. Ба гуфтаи ин ниҳод 1171 нафари онҳоро дар шимоли Ироқ ва 1064 нафари дигарро дар шимоли Сурия куштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳушдори Русия ба дипломатҳо: Фавран Киевро тарк кунед!

Русия ба дипломатҳои хориҷӣ дар шаҳри Киев, пойтахти Украина ҳушдори расмӣ дода, ки барои ҳифзи саломатияшон пеш аз ҳамлаи эҳтимолӣ ин шаҳрро тарк кунанд.

Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе метро месозад

Мақомоти Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба сохтмони метрои Душанбе бо "Эксимбонк"-и Кореяи Ҷанубӣ гуфтугӯ карданд.

Трамп аз эҳтимоли тавофуқи ниҳоӣ байни Эрон ва Амрико хабаро дод

Ба гузориши расонаҳо, Амрико ва Эрон барои расидан ба як тавофуқи ниҳоӣ ва поён додани ҷанг наздик шудаанд. Ҳоло Амрико ба Эрон 48 соат муҳлат дода, то ба пешниҳодоти ӯ посух диҳад.

Боздошти ду нафар бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи узви собиқи ҲНИТ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи узви собиқи ҲНИТ домулло Абдуманнон ду сокини Исфараро боздошт кардааст.