Исроил фаъолияти Ожонси UNRWA-ро мамнуъ кард

Парлумони Исроил (Кнессет) бо тасвиби қонуне фаъолияти Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ ба оворагони фаластинии Созмони Миллали Муттаҳид (UNRWA)-ро мамнуъ мекунад.

Гуфта мешавад, 92 намояндаи парлумони Исроил ба тарафдории ин қонун ва 10 намоянда бар зидди он овоз додаанд. Ва дар ниҳоят қонун барои манъи фаъолияти UNRWA дар заминҳои ишғолии Фаластин қабул шуд.

Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ ба оворагони фаластинии Созмони Миллали Муттаҳид аз соли 1967 дар Исроил фаъолият мекард. Ва ахиран Исроил иддао кард, ки фаъолияти созмони мазкурро дар заминҳои ишғолӣ манъ мекунад.

Тасвиби ин қонун аз ҷониби парлумони Исроил вокуниши хеле аз кишварҳоро ба бор овард. Аз ҷумла, Амрико, Австралия ва чанд кишвари дигар бо нашри изҳорот ин иқдоми Исроилро ба шиддат маҳкум карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия дар баёнияе эълом кард, ки талоши парлумони Исроил барои поён додан ба фаъолиятҳои Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ ба оворагони фаластинии Созмони Миллали Муттаҳид дар Фаластини ишғолӣ нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ аст.

ВКХ-и Туркия таъкид карда, ки фаъолиятҳои UNRWA аз соли 1949 ба миллионҳо паноҳандаи фаластинӣ кумаки ҳаётӣ карда, барои ҳифзи суботи минтақа низ аз аҳамияти болое бархӯрдор аст.

Ҳамзамон Созмони Миллали Муттаҳид аз “паёмадҳои фоҷеабор”-и қатъи фаъолиятҳои UNRWA ҳушдор дод. Антонио Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таъкид карда, ки “Иҷрои чунин мамнуияте метавонад паёмабдҳои фоҷеаборе барои овороагони фаластинӣ дар манотиқи ишғолӣ дошта бошад ва ин амр ғайри қобили қабул аст.”

Дар ҳамин ҳол Созмони байналмилалии муҳоҷират рӯзи сешанбе ба расонаҳо гуфта, ки агарчи бисёр мехоҳад ба онҳое, ки баъди қатъи фаъолияти UNRWA ба мушкилот рӯбарӯ мешаванд, кумак кунад, вале ба ҳар сурат наметавонад ҷойгоҳи ин созмонро пур кунад, “зеро мшкил аст”.

Ожонси имдодрасонӣ ва корёбӣ ба оворагони фаластинии Созмони Миллали Муттаҳид (UNRWA) пас аз ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ва мушкилоти сахти зиндагӣ дар ин минтақа ба аҳолӣ кумакҳои ғизоиро мерасонд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Маҷлиси намояндагони Амрико салоҳиятҳои Трампро дар ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад

Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида қатъномаеро қабул кард, ки ҳадаф аз он маҳдуд кардани салоҳиятҳои раисиҷумҳур Доналд Трамп дар истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи Эрон аст.

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.