4.9 C
Dushanbe

Раҳмон бо хонум “невидимка” дар Левакант роҳро ба истифода дод

Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 7-уми ноябр дар маросими ифтитоҳи роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара дар Хатлон ширкат кард.

Дафтари мутботии Эмомалӣ менависад, ки ин роҳ “дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад”.

Дар идома ҳамчунин гуфта мешавад, ки “Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант 6 техникаи нави роҳнигоҳдорӣ ҳадя кардааст”. Аммо гуфта намешавад, ки Раҳмон ин техникаҳоро ба ҳайси кӣ ва аз кадом маблағ ҳадя кардааст?

Чизе, ки ба назари коршиносон даъвои хело хандаовар аст. Амруллоҳи Низом, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, оё Раҳмон ҷои дигаре ғайр аз ин вазифаҳои давлатиаш кор кардаву аз он маошаш ин техникаро харида, ки онро бишвад ҳадя ном кард, ё Левакант шаҳрест хориҷ аз марзи давлатии Тоҷикистон, ки аз номи мардуми Тоҷкистон ин техникаҳо ба онҳо ҳадя мешавад?   

Дар ин хабар нуктаи аз ҳама ҷолиб ин аст, ки як хонуме ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баргузории ин маросим ҳузур дорад. Ҳатто бо Раҳмон лентаи рамзиро мебурад, дертар дар гузоштани хишти аввал иштирок кардаву дар ҳама аксҳо Раҳмонро ҳамроҳӣ мекунад ва бо худ тарҷумон ҳам дорад. Аммо дар ҳеч яке аз расонаҳои давлатӣ дар бораи кӣ будану чаро дар бари Раҳмон қарор гирифтанаш дар маросими ифтитоҳи роҳи Бохтар-Левакант-Данғара чизе гуфта нашудааст. Коршиносон мепурсанд, оё имкон дорад шахсе тасодуфӣ дар чунин маросиме дар бари Раҳмон қарор бигирад ва чаро дар бораи ӯ дар ҳеҷ расонаи расмӣ чизе гуфта намешавад?  

Ҷутстуҷӯи ин хонум аз тарқи расм дар интеренет бе натиҷа буд. Бояд гуфт, ки чандест расонаҳои давлатии Раҳмон маблағгузорону созандагони аслии иншоотро дар Тоҷикистон пинҳон мекунанд ва ҳамаро ба номи Раҳмон сабт мекунанд.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қарзи навбатӣ барои сохтмони Роғун

Дар пасманзари ҷорӣ шудани лимити барқ дар Тоҷикистон, ҳукумат миллионҳо доллар қарз ва гранти созмонҳои хориҷиро барои сохтмони НБО "Роғун" ҷалб мекунад.

Афзоиши сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 49 ҳазор шаҳрванди кишвар худро расман дар рӯйхати бекорон сабти ном кардаанд.

Писари муфтии Тоҷикистон мухолифи сиёсати Эмомалӣ Раҳмон?

Абдухолиқ Абдуқодир, писари раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи ахири худ мардони Тоҷикистонро ба масъулиятпазирӣ даъват кард.

Гарон шудани нархи маҳсулоти чинӣ дар Тоҷикистон

Бархе муштариён аз он шикоят доранд, ки тайи чанд ҳафтаи ахир нархи чанде аз маҳсулоти чинӣ дар бозорҳои Тоҷикистон гаронтар шудааст.