Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниши низомӣ миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Бино ба иттилои Фармондеҳии марказии Амрико (CENTCOM), рӯзи 30-уми август ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ дар ҷазираи стратегии Лорак, воқеъ дар тангаи Ҳурмуз, ҳадаф қарор дода шуд. CENTCOM мегӯяд, ин амалиёт бо ҳадафи пешгирӣ аз ҷойгир кардани минаҳои баҳрӣ ва омодасозии мушакҳое анҷом дода шудааст, ки метавонистанд амнияти киштиҳои тиҷоратиро дар тангаи Ҳурмуз таҳдид кунанд.

Сипоҳи посдорон ҳамларо тасдиқ карда, онро “таҷовуз” номид ва гуфт, ки дар натиҷаи зарбаҳои Амрико чанд низомӣ ва ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд. Теҳрон ҳамзамон эълон кард, ки ба ин ҳамла посух хоҳад дод.

Чанд соат баъд Сипоҳи посдорон аз оғози амалиёти ҷавобӣ хабар дод. Дар ин ҳамла ду пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида дар Урдун, аз ҷумла пойгоҳҳои Ал-Азрақ ва Шоҳ Ҳусейнро бо мушакҳои баллистикӣ ва паҳподҳо ҳадаф қарор додааст. Аммо артиши Урдун изҳор дошт, ки ҳашт мушакро пеш аз расидан ба ҳадаф дар ҳарими ҳавоии кишвар раҳгирӣ ва нобуд кардааст. То замони нашри ин хабар, мақомоти амрикоӣ дар бораи талафоти эҳтимолӣ маълумоти расмӣ пешниҳод накардаанд.

Дар пайи ин рӯйдодҳо, бозори ҷаҳонии нафт низ вокуниши фаврӣ нишон дод. Нархи нафти навъи Brent беш аз ду дарсад боло рафта, бори дигар аз марзи 90 доллар барои як бушка гузашт. Ба гуфтаи таҳлилгарон, нигаронӣ аз эҳтимоли густариши даргириҳо дар тангаи Ҳурмуз ва халалдор шудани ҳаракати нафткашҳо сабаби аслии болоравии нархи нафт мебошад.

Ҷазираи Лорак дар даромадгоҳи тангаи Ҳурмуз ҷойгир буда, яке аз муҳимтарин мавқеъҳои низомӣ ва стратегии Эрон ба ҳисоб меравад. Ин ҷазира барои назорати ҳаракати киштиҳо дар яке аз серрафтуомадтарин роҳҳои интиқоли нафти ҷаҳон аҳамияти калидӣ дорад. Қисми зиёди содироти нафти кишварҳои минтақа аз тариқи ҳамин танга анҷом мешавад ва ҳар гуна нооромӣ дар он метавонад ба бозори ҷаҳонии энержӣ таъсири ҷиддӣ расонад.

Ёдовар мешавем,ки ҷанги кунунии Амрико ва Эрон аз охири моҳи феврали соли 2026 оғоз шуд. Он замон Иёлоти Муттаҳида дар ҳамоҳангӣ бо Исроил ба чандин иншооти низомии Эрон ҳамла кард. Теҳрон низ дар посух ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақа ва ба Исроил зарба зад. Аз он вақт то имрӯз, даргириҳо дар шакли ҳамлаҳои ҳавоӣ, мушакӣ ва паҳподӣ идома дошта, тангаи Ҳурмуз ба яке аз нуқтаҳои асосии таниш миёни ду кишвар табдил ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...

Аз 1-уми сентябр қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия сахттар мешаванд

Аз 1-уми сентябри соли 2026 дар Русия чанд қонуни наве ба иҷро медароянд, ки назорат аз болои муҳоҷирон сахттар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон писараш Рустами Эмомалиро бо ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ писараш Рустами Эмомалиро бо ордени дараҷаи якуми Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард.