Аз 1-уми сентябр қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия сахттар мешаванд

Аз 1-уми сентябри соли 2026 дар Русия чанд қонуни наве ба иҷро медароянд, ки назорат аз болои муҳоҷирон сахттар мешавад. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин хабар дод.

Яке аз тағйироти асосӣ ба муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ рабт дошта, хориҷиёне, ки бояд аз чунин муоина гузаранд, барои анҷоми он 30 рӯз муҳлат хоҳанд дошт. Қаблан дар баъзе ҳолатҳо ин муҳлат то 90 тамдид мешуд.

Дар ҷараёни муоина шаҳрвандони хориҷӣ барои муайян кардани бемориҳои сироятии барои дигарон хатарнок, ВНМО ва ҳамчунин истифодаи маводи мухаддир ё баъзе доруҳои психотропӣ санҷида мешаванд.

Натиҷаи муоина ба шакли электронӣ сабт шуда, муассисаҳои тиббӣ вазифадор мешаванд маълумоти заруриро дар давоми 24 соат ба Вазорати корҳои дохилии Русия ирсол кунанд ва агар дар шахс бемории сироятии хатарнок ошкор шавад, маълумот ба Роспотребнадзор низ фиристода мешавад.

Ба гуфтаи Володин, дар сурати ошкор шудани чунин беморӣ, мақомот метавонанд барои ихроҷи фаврии шаҳрванди хориҷӣ аз Русия чора андешанд.

Тағйироти дигар ба низоми назорати муҳоҷирон дар Маскав ва вилояти Маскав дахл дошта, доираи шаҳрвандони хориҷие, ки ба низоми махсуси бақайдгирӣ ва назорат шомил мешаванд, васеъ мегардад. Ба ин гурӯҳ хориҷиёне низ дохил мешаванд, ки бидуни раводид ба Русия омада, беш аз 90 рӯз дар Маскав ё вилояти Маскав бо ҳадафҳои ғайрикорӣ қарор доранд.

Ҳамзамон барои баъзе гурӯҳҳо истисно пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, ин талабот ба ноболиғон, шаҳрвандони Беларус, кормандони дипломатӣ ва баъзе гурӯҳҳои дигари хориҷиён дахл нахоҳад дошт.

Ин низоми озмоишии назорат аз 1-уми сентябри соли 2026 оғоз шуда, қарор аст то моҳи сентябри соли 2029 идома кунад.

Ҳамчунин аз моҳи сентябр Хадамоти федералии андози Русия низ метавонад маълумоти шаҳрвандони хориҷиро зудтар дарёфт кунад. Барои ин миёни ниҳодҳои давлатӣ механизми нави мубодилаи электронии маълумот роҳандозӣ шуда, ин тағйирот бояд раванди ба қайд гирифтани хориҷиёнро дар мақомоти андоз тезтар кунад.

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин гуфтааст, ки ин чораҳо ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, такмили сиёсати муҳоҷират ва боло бурдани сатҳи амнияти ҷамъиятӣ равона шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.