Таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ

Сарони Душанбе ва Риёз қасд доранд Фонди муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудиро таъсис диҳанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 10-уми ноябри соли 2024, Эмомалӣ Раҳмон ва Холид Ал-Фолиҳ, вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ бо ҳам мулоқот карданд.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки Президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайате расмӣ барои ширкат дар Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ ба шаҳри Риёз, пойтахти Арабситони Саудӣ сафар кардааст.

Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишаст бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ мулоқот карда, дар робата ба тавсеаи робитаҳо “дар соҳаи тиҷорату иқтисод” суҳбат кардаанд. Ҷонибҳо дар ин мулоқот густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангиро низ мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст, ки дар рафти мулоқоти ҷонибҳо дар бораи масъалаи таъсиси Фонди муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон тайи чанд соли ахир талош дорад таваҷҷуҳи тоҷирону соҳибкорони араби ҳавзаи Халиҷи Форсро барои сармоягузорӣ дар иқтисоди кишвар ҷалб кунад, аммо, чун фасоди молӣ, идорӣ ва ахлоқӣ дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тайи беш аз се даҳсолаи ахир рӯз то рӯз бештар густариш пайдо мекунад, дар ин самт то ҳол муваффақ нашудааст.

Ба таҳлили бархе коршиносон, иллати камтар ҷалб шудани сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар он аст, аксар давлатҳо ва соҳибкорони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷирони Халиҷи Форс хуб медонанд, ки ҳар гуна сармоягузорӣ кардан дар кишвари фасодзадае чун Тоҷикистон ба нафъи онҳо нест, аз ин рӯ, омода нестанд дар ин кишвар сармоягузорӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

СММ ва Афви Байналмилал аз Толибон хостанд таркиши Кобул таҳқиқ шавад

СММ аз мақомоти Афғонистон хост, ки таркиши рӯзи 17-уми август дар ғарби Кобулро ҳамаҷониба ва бетарафона таҳқиқ кунанд.

Дар Полша низ мехоҳанд сиёсати муҳоҷиратиро сахттар кунанд

Сарвазири пешини Лаҳистон Матеуш Мораветский дар як ҳамоише дар Варшава барномаи нави муҳоҷиратии иттиҳоди сиёсии "Rozwój Plus"-ро муаррифӣ кард.

Трамп аз оғози фишорҳои нави иқтисодӣ алайҳи Эрон хабар дод

Трамп субҳи 20-уми август эълон кард, ки Вашингтон барномаи нави фишорҳои иқтисодиро алайҳи Эрон оғоз мекунад.

Оё дар Русия “патент” барои муҳоҷирон бекор мешавад?

Дар Русия мехоҳанд низоми муҳоҷирати кориро ба таври куллӣ тағйир диҳанд.