Талаби созмонҳо барои озодии фаврии Эргашев

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар аз Олмон талаб доранд, ки барои озодии ҷавони тоҷик Дилмурод Эргашев болои мақомоти Тоҷикистон фишор оранд.

Созмонҳои “Human Rights Watch”, “Freedom for Eurasia”, “Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия” ва “Abschiebungsreporting NRW” дар баёнияи якҷоя, ки 20-уми ноябри соли ҷорӣ нашр шудааст, мегӯянд, дар сурати рад шудани талабот, мақомоти Тоҷикистон бояд асосҳо ва далелҳои шаффофро барои боздошти Эргашев пешниҳод кунанд.

Инчунин ин чор созмон талаб доранд, ки ҳуқуқҳои мурофиавии ӯ риоя карда шаванд, мавриди шиканҷа қарор нагирад ва дастрасӣ ба ёрии тиббии босифатро барои ин фаъоли тоҷик таъмин кунанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 6-уми ноябри соли 2024 узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Дилшод Эргашевро, ки аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебурд ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кардааст, тариқи Туркия ба Тоҷикистон истирдод карданд.

Пас аз истирдод ин фаъолро кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт карда, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Маълум нест Дилмурод ба кодам моддаи Кодекси ҷиноии кишвар гумонбар мебошад.

Гуфта мешавад, ҳоло ин фаъоли тоҷик дар шифохона қарор дорад. Эргашев дар остонаи ихроҷаш, 5-уми ноябри соли ҷорӣ, қасди худкушӣ карда, рагҳои дасту пойи худро бурида буд ва ба эҳтимоли зиёд дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ин амалкарди Олмон хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст, ки баргардонидани афродро ба кишварҳое, ки дар он ҷо шиканҷа ё таъқиб онҳоро таҳдид мекунад, манъ мекунад.

Ҳю Вилямсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд, ин қазия бояд барои Олмон охирин ҳушдоре бошад, ки аз ихроҷи фаъолони осоишта ба Тоҷикистон, ки дар он ҷо онҳо бо хатари боздошти ғайриқонунӣ ва шиканҷа рӯбарӯ мешаванд, даст кашад.

Дар изҳороти ин чор созмон инчунин гуфта мешавад, ки мақомоти Олмон бояд шеваи ихроҷи Дилмурод Эргашевро ба Тоҷикистон таҳқиқ кунанд.

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки мақомоти Олмон бо вуҷуди ҳушдори созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар фаъолонро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд. Аз ҷумла, ин кишвар соли гузашта Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви баландпояи ҲНИТ Шамсиддин Саидов ва Билол Қурбоналиев, узви “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд, ки баъдан Абдуллоҳ ба 7 сол ва Билол ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.