Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд. Дар ин бора нашрияи русии “Ведомости” бо такя ба лоиҳаи қарори ҳукумати Русия хабар додааст.
Тибқи ин санад, манъи ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба кори таксӣ дар ҷумҳуриҳои Мордовия, Чувашистон, Тотористон ва Удмуртия, инчунин вилоятҳои Свердловск, Оренбург ва Уляновск ва Вилояти Мухтори Яҳудиён пешбинӣ шудааст.
Дар вилояти Калуга бошад, пешниҳод шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ аз кори хаткашонӣ (курерӣ) маҳрум карда шаванд.
Лоиҳаи мазкурро Вазорати меҳнати Русия таҳия карда, Комиссияи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ онро дар охири моҳи октябр ҷонибдорӣ кардааст. Марҳилаи баъдӣ имзои санад аз ҷониби нахуствазири Русия Михаил Мишустин мебошад. Ҳоло ин маҳдудиятҳои эълоншуда ҳанӯз дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.
Маҳдудиятҳои мазкур асосан ба шаҳрвандони кишварҳое дахл доранд, ки барои кор дар Русия бояд патент гиранд. Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон, сарфи назар аз низоми бидуни раводид бо Русия, барои фаъолияти корӣ дар ин кишвар ба гирифтани патент ниёз доранд.
Аммо шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё — Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус аз ин маҳдудиятҳо истисно шудаанд. Инчунин, маҳдудият ба шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ ё доимӣ дар Русия доранд ва ба мутахассисони баландихтисос дахл нахоҳад дошт.
Дар Мордовия зарурати ҷорӣ кардани чунин маҳдудиятро ба вазъи садамаҳои нақлиётӣ рабт додаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ, дар солҳои 2024–2025 бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ 24 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки дар шаш маврид одамон ба ҳалокат расидаанд. Дар санадҳо ҳамчунин ба фаъолияти ғайриқонунии баъзе ронандагони таксӣ ва сарпечии онҳо аз иҷрои ҷазоҳои маъмурӣ ишора шудааст.
Ин иқдом дар ҳолест, ки маҳдудиятҳо барои фаъолияти кории муҳоҷирон дар бисёре аз минтақаҳои Русия аллакай ҷорӣ шудаанд. Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Русия, то моҳи июни соли 2026 дар 52 минтақаи кишвар ҷалби муҳоҷирони соҳиби патент ба баъзе бахшҳои иқтисод маҳдуд шуда буд.
Масалан, дар Санкт-Петербург кор кардани муҳоҷирони соҳиби патент дар таксӣ ва хадамоти хаткашонӣ то охири соли 2026 манъ шудааст. Моҳи октябри соли ҷорӣ рӯйхати соҳаҳои маҳдудшуда дар ин шаҳр васеъ гардида, баъзе намудҳои савдои чакана, фаъолияти варзишӣ ва хизматрасонии сартарошхонаю салонҳои зебоӣ низ ба он дохил карда шуданд.
Дар вилояти Краснодар бошад, аз соли 2025 маҳдудиятҳои васеъ барои ҷалби шаҳрвандони хориҷие, ки бар асоси патент кор мекунанд, ҷорӣ шудаанд. Дар вилояти Псков аз 1-уми июли соли 2026 чунин маҳдудиятҳо ба таксӣ, нақлиёти мусофирбар, расонидани молу маҳсулот, тарабхонаю қаҳвахонаҳо ва савдои машруботу маҳсулоти тамоку дахл пайдо карданд.
Дар вилояти Курск низ аз соли 2026 ҷалби муҳоҷирони соҳиби патент ба бахшҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар, таксӣ, расонидани молу маҳсулот, хӯроки умумӣ ва ғайра маҳдуд шудааст.
Бояд гуфт, ин маҳдудиятҳо боиси коҳиши сафарҳои кории шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Русия гаштааст. Аз ҷумла тибқи оморҳои нашркардаи “Ведомости” дар нимсолаи аввали соли 2026 шумораи воридшавии шаҳрвандони Узбекистон ба Русия бо ҳадафи кор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 дарсад кам шуда, 1,1 миллионро ташкил додааст.
Дар ҳамин давра аз Тоҷикистон 494,5 ҳазор сафари корӣ ба Русия сабт шудааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2025 17,9 дарсад камтар мебошад.
