Мушкилоти беобӣ дар Бохтар ва Данғара ҳал мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунӣ дар кишвар грант дарёфт кард.

3-уми декабри соли ҷорӣ вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 8 миллион евро ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, аз ин миқдор маблағ барои татбиқи лоиҳаи “Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар” 4,0 млн евро ва лоиҳаи “Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Данғара” низ 4,0 млн евро ҷудо карда мешавад.

Вазорати молияи кишвар иддао дорада, ки ҳадаф аз татбиқи лоиҳаҳои мазкур бунёд ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва саривақт бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои мазкур мебошад.

Аммо бо ҷалб шудани грантҳои миллионӣ сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар борҳо аз набуди оби ошомиданӣ шикоят карда буданд ва дар аксар ҳолат худи сокинон бо ҷамъоварии пул ва ҳашар аз як минтақа ба минтақаи дигар об мегузаронанд.

Ҳатто баъзе сокинони пойтахт аз он шикоят доранд, ки бо сабаби куҳна ва фарсуда шудани қубурҳо фишори об дар баландошёнаҳо хеле паст буда, ба оби ошомиданӣ ҳамеша дастрасӣ надоранд ва дар аксар ҳолат маҷбур мешаванд, ки ин мушкилотро худашон ҳал кунанд.

Бо вуҷуди ин ҳама мушкилот Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тӯли беш аз ду даҳсолаи ахир дар минбарҳои ҷаҳонӣ дар бораи оби тозаи ошомиданӣ ва камобӣ дар дигар кишварҳои дунё суҳбат кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.