28.9 C
Dushanbe

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.

Анора Саркорова, рӯзноманигори шинохтаи кишвар дар истинод ба манобеаш менависад, ки тайи чанд ҳафтаи охир Паллаев аз дарди шадиди меъда ва шикам шикоят мекард, аммо маъмурияти зиндон ҳама дархостҳои кумаки тиббӣ ба ин маҳбуси сиёсиро нодида гирифаанд ва ба ӯ тавсия додаанд, ки “сабр кунад”.

Гуфта мешавад, ки чанд соат пеш аз маргаш Қулмамад Паллаев дучори хунравии шадид, дарунравӣ, қайкунӣ ва дарди шадиди меъда шудааст, аммо кормандони зиндон чорае нандешидаанд.

Наздикони ин маҳбуси сиёсӣ гуфтаанд, ки Паллаев пеш аз зиндон гирифтори бемории меъда набуд.

Қулмамад Паллаев, сокини 50-солаи ноҳияи Рӯшон, фаъоли шаҳрвандӣ ва яке аз иштирокчиёни эътирозҳои осоишта дар маркази ноҳияи Вамар дар соли 2022 буд.

Ӯ моҳи майи соли 2022 дар пайи як амалиёти низомӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ҷараёни он даҳҳо ғайринизомӣ кушта ва беш аз 300 нафар боздошту шиканҷа ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ гардиданд, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Қулмамад Паллаев вақти тафтишот ва дар зиндон мавриди шиканҷаи бераҳмона қарор гирифтааст. Хонаводаи ӯ низ таҳти таъқиби мақомоти Тоҷикистон қарор гирифта, тибқи гузоришҳои таъйиднашуда, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон писари ноболиғи Паллаевро шиканҷа кардаанд.

Мақомоти кишвар ин фаъоли фавтидаро ба терроризм, куштор ва хиёнат ба Ватан муттаҳам намуда буданд, аммо наздиконаш иттиҳомоти мақомотро сохтаву бофта медонанд.


Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.

Марги мармузи вазири нақлиёти Русия баъди барканорӣ

Роман Старовойт, собиқ вазири нақлиёти Русия рӯзи 7-уми июли...

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.