16.9 C
Dushanbe

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Нишастҳои матбуотии ҷамъбастӣ, ки барои шарҳи дастовардҳо ва рушди соҳаҳои гуногун баргузор карда мешавад, вазорату идораҳо, инчунин мақомоти шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, ва дигар шаҳру вилоятҳо ширкат хоҳанд кард.

Тибқи тасдиқи барномаи расмии Дастгоҳи иҷроияи Президент, ки ба имзо расид, намояндагони васоити ахбори омма метавонанд ба саволҳо дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии аз вазорату идораҳо бевосита ҷавоб гиранд.

Бар асоси як фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, нишастҳои матбуотӣ дар як сол ду маротиба баргузор мешаванд:

Шашмоҳаи аввал нишасти матбуотӣ мақомдорон аз 22 июл то нимаи август ва шашмоҳаи дувум бошад дар моҳи январ баргузор мегардад.

Мақсади асосии баргузории ин нишастҳо баланд бардоштани сатҳи ошкорбаёнии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва огоҳ кардани аҳолӣ аз натиҷаҳои кори онҳо гуфта мешавад.

Аммо ин дар ҳоле аст, ки рӯзноманигорон борҳо аз тарзи баргузор шудани нишастҳои матбуотии мақомдорон интиқод мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар бисёр ҳолат раисони идораҳо худашон дар нишастҳои матбуотӣ иштирок намекунанд ва ба ҷои худ муовинҳояшоро ба нишастҳои матбуотӣ мефиристанд ва кӯшиш мекунанд, ки бо ҳар баҳона аз суолҳои асосӣ ва баҳсбаангез гурезанд. Инчунин рӯзноманигорон аз он шикоят мекунанд, ки раҳбароин вазорату идораҳо вақти зиёдро дар хондани гузоришҳои дуру дароз мегузаронанд, ки вақте барои суолу ҷавоб намемонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди Фитрро эълон кард

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 17-уми март дар ҷаласаи навбатии худ рӯзи баргузории Иди саиди Фитрро эълон кард.

Фишори Трамп бар муттаҳиҳдонаш: Дар бозгушоии тангаи Ҳурмуз кумак кунед!

Бо шиддат гирифтани буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон, Трамп аз баъзе кишварҳо хост дар бозгушоии тангаи Ҳурмуз кумак кунанд.

Шикояти волидону омӯзгорон аз пулҷамъкунии ғайриқонунӣ дар мактабҳо

Сокинон аз плҷамъкунии ғайриқонунӣ дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Боз як тоҷики дигар дар доираи парвандаи “Крокус” маҳкум ба зиндон шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми сафедкунии ҳамлаи террористии ба "Крокус Сити Холл» равонаи зиндон карданд.