Хабар МУҲОҶИРАТ РУСИЯ

Санҷиши телефонҳо дар фурудгоҳҳои Маскав: ба тоҷикон иҷозаи вуруд надоданд

Ба чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон пас аз санҷиши телефонҳояшон дар фурудгоҳҳои Маскав иҷозаи вуруд ба Русия надодаанд.

Санҷиши телефонҳо дар фурудгоҳҳои Маскав: ба тоҷикон иҷозаи вуруд надоданд Акс аз интернет

Ба чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон пас аз санҷиши телефонҳояшон дар фурудгоҳҳои Маскав иҷозаи вуруд ба Русия надодаанд. Мақомоти амниятӣ далели бозгардонидани ин шаҳрвандонро “мукотибаи покшуда” ва ё “истифодаи телефони тугмадор” зикр кардаанд.

Тибқи гузориши расонаҳои русӣ, мусофирон дар марз ба санҷиши иловагӣ фиристода шудаанд, ки мақомоти Русия онро “филтратсия” меноманд. Ин раванд пурсиш ва тафтиши муҳтавои телефони ҳамроҳро дар бар мегирифтааст. Аммо намояндагони Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) гуфтаанд, ки шаҳрвандони хориҷӣ телефонҳояшонро “ихтиёрӣ” барои санҷиш додаанд.

Ба иттилои телевизиони “Дождь”, ФСБ дар яке аз қарорҳояш пок кардани мукотиба дар WhatsApp ва Telegram-ро далели ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ дониста, ин амалро “кӯшиши пинҳон кардани паёмҳо” гуфтааст. Дар қарори дигаре, ки ин расона кашф кардааст, “истифодаи телефони тугмадор” дар қатори далелҳои ин ниҳод оварда шудааст.

Кормандони амниятӣ ҳамчунин таърихи тамошои наворҳо дар YouTube ва обунаҳои мусофиронро санҷидаанд. Ба гуфтаи намояндагони ФСБ, дар баъзе телефонҳо наворҳои воизоне пайдо шудааст, ки дар Русия мамнуъ дониста мешаванд. Ин ниҳод дар як муҳокимаи додгоҳӣ, ки мусофирони радшуда шикоят кардаанд, онҳонро ба пайравӣ аз “идеологияи исломи радикалӣ” нисбат додааст.

Санҷиши телефонҳо ва мушкили вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия қаблан низ расонаӣ шуда буд. Моҳи июли соли 2025 хабаргузории ТАСС бо такя ба беш аз 20 маводи додгоҳӣ аз радди вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон пас аз тафтиши телефонҳояшон хабар дода буд.

Мавҷи санҷишҳои сахт ва боздошту ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон пас аз ҳамла ба толори “Крокус Сити Ҳолл” дар моҳи марти соли 2024 шиддат гирифт. Моҳи апрели ҳамон сол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки пас аз ҳодисаи “Крокус” вуруди тоҷикистониён ба Русия сахт шуда, дар камтар аз як моҳ танҳо дар фурудгоҳи Внуково 954 шаҳрванди кишвар дар минтақаи нигоҳдории муваққатӣ дар шароити номуносиб қарор доштанд. Душанбе баъдан ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супурд.

Ҷониби Русия он замон мавҷи санҷишҳоро бо зарурати пешгирии терроризм шарҳ дода, онҳоро муваққатӣ ва бидуни ҳадаф қарор додани миллат ё дини мушаххас номида буд. Вале то ҳанӯз, аз ҷумла гузоришҳои солҳои 2025 ва 2026 аз тафтиши сахти тоҷикистониён дар фурудгоҳҳои Русия хабар медиҳанд. Мақомоти амниятӣ ва интизомии ин кишвар маълумоти дар натиҷаи санҷиши телефонҳои муҳоҷирон ба даст омадаро далели ихроҷ ва ё радди онҳо медонанд. Вале чаро маҳз бояд телефонҳои шаҳрвандони баъзе кишварҳо, бахусус тоҷикистониён бояд аз санҷиши сахт гузаронида шаванд, чизе гуфта намешавад.

Мавзӯъҳои марбут