Хабар БЛОГИ ШУМО МАҚОЛА

Илми нав –  “Сарваршиносӣ” ва мактаби нав аз ҳуши маснуъӣ

Бархе “олимон”-и тоҷик кӯшиш доранд шахспарастиро “ниҳодина” кунанд, дар ҳоле ки ҷомеъаҳои пешрафта аслан худи системаи омӯзиш дар макотабҳоро зери суол мебаранд.

Илми нав –  “Сарваршиносӣ” ва мактаби нав аз ҳуши маснуъӣ Акс сохтаи ҳушни маснуӣ аст.

Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби комилан нави дарсие навишта ба нашр расондааст, ки ба назар мерасад ба зудӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон тадрис хоҳад шуд. Ин китоби дарсӣ “Сарваршиносӣ дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат” ном дорад, ки на дар таърихи Тоҷикистони мустақил, на замони Шӯравӣ ва на қабл аз он назире дорад. 

Зафар Сайидзода мудири шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои ҳамин академия, доктори илмҳои таърих ба ин китоб “тақризи илмӣ” (худи муаллиф онро чунин номидааст – зоҳиран чун китоб “илмист” тақриз ҳам чунин бояд) навишта онро “бунёдӣ” ва оғозгари “марҳалаи муҳим дар ниҳодисозии илми сиёсӣ ва давлатдоришиносӣ” номидааст. Ин ки Сайидзода ҳамчунин мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон (ё ҳамон “сарваре”, ки Хушбахтзода шинохташро ба илм табдил доданист) ҳам ҳаст, имкони ба донишгоҳҳо рафтани ин “илми нав”-ро бештар мекунад. 

Меҳмоншо Шарифзода, олими тоҷик, иншову нашри ин китобро дар сафи чоплусиҳои дигари донишмандони тоҷик “кӯшиши бофтани воқеъиятҳои дигар” номида, навиштааст: “маълум аст, ки фазои чоплусӣ мустаҳкам ва бозори тамаъ гарм аст, вале як инсонро то ба ин сатҳ набояд таҳқир кард”. 

Ин ки Хушвахтзода қаблан тавассути “Диссернет” ба асардуздӣ, аниқтараш дуздии рисолаи номзадиаш муттаҳам шуда буд, сатҳи ин таҳқирро ҳам муайян мекунад. 

Дар ҳоле, ки “олимон”-и тоҷик кӯшиш доранд шахспарастиро – боз ҳам ба қавли худи Сайидзода – “ниҳодина” кунанд, ҷомеъаҳои пешрафта аслан худи системаи омӯзиш дар макотибро зери суол мебаранд. Ҳанӯз се моҳ қабл аз он ки хабари нашри “китоби нави дарсии” “олими рақами аввал”-и Тоҷикистон (ҳамоне, ки ба курсие такя зада, ки дар он Садриддин Айнӣ, Муҳаммад Осимӣ ва Собит Неъматуллоем менишастанд) расонаӣ шуд, Демис Ҳассабис, роҳбари DeepMind ва барандаи ҷоизаи Нобел, охирин пардаро аз рӯйи низоми имрӯзаи таҳсилоти мактабӣ (ки аз умраш беш аз сад сол мегузарад) бардошт: “Садҳо ҳазор омӯзгори риёзӣ дар саросари дунё ҳар рӯз дар утоқҳояшон менишинанду барои ҳамон дарсҳои мактабӣ ҳамон муаррифиномаҳоро аз нав месозанд. Магар мешавад ақли инсонро дар чунин миқёс ва ин қадар бемаънӣ ба бод дод?”

Дар ҳоле, ки дар кулли ҷаҳон ҳанӯз ҳам бисёриҳо гумон мекунанд, ки дарси беҳтарин омӯзгорон дар мактабҳои бонуфуз ба ҳар кас насиб намекунад ва кулли нерӯяшонро барои он сарф мекунанд, ки дар маҳаллаи лозим хона бихаранду фарзандашонро ба синфи қавӣ ҷой кунанд, Ҳассабис масъаларо аз бунёдаш мегирад ва ин тасаввурро бераҳмона ба ҳам мезанад. 

Ӯ мутмаъин аст вақти гаронбаҳои дарси рӯбарӯро барои он сарф кардан, ки ба сари ҳама як хел донишро ҷо кунем, намеарзад. Мегӯяд, азбаркунии кӯр-кӯрона ва машқи такрории ҳалли масъалаҳоро бояд аз синф берун оварду ба ҳуши маснуъии шахсӣ супурд. Он метавонад дар чанд ҳазоряки сония вокуниши ҳар кӯдакро ба назар бигирад ва дарсро ба ӯ мутобиқ созад.

“Ба ин чанд курси асосиеро, ки беҳтарин омӯзгорони ҷаҳон сабт кардаанд, илова кунед. Ҳамин бас аст, ки шарҳи маводи дарсӣ дар саросари ҷаҳон якбора ва барои ҳамеша ба ҳамин роҳ гузарад”, – мегӯяд ӯ.

Ба андешаи ӯ, дусад соли охир мактаб, дар асл, сарбозхонаи асри саноат буд, яъне барои саноат сарбоз омода мекард. Кӯдаконеро, ки ҳар кадом ба тарзи худ меандешиданд, ба зӯр сари як конвейер мешинонданду маҷбур мекарданд, ки ҳама бо як маром “гайка” тоб диҳанд. Омӯзгорро ба дастгоҳи зиндаи такрор табдил дода, хонандаро бошад, дар уқёнуси дилгири масъалаҳо ғӯтонданд, то бо ҳам мусобиқа кунанд, ки кӣ бештар ба як диски сахт (жесткий диск)-и арзон монанд аст.

Ҳассабис ба ин назар аст, ки вақте ҳуши маснуъӣ ва беҳтарин омӯзгорон интиқоли ин донишҳои яксонро пурра ба уҳда бигиранд, барои дарси рӯбарӯ ҳамагӣ панҷ далел боқӣ мемонад. Панҷ коре, ки мошин бо ҳамаи ҳисобу китобаш аз уҳдаашон баромада наметавонад: бо якдигар бозӣ кардан, рӯйи тарҳҳои воқеиву душвор кор кардан, дар дил орзуи муваффақият парваридан, эҷод кардан ва аз ҳама муҳим — интихоб кардану тасмим гирифтан.

Дар ҳамин ҳол, мушкили дигаре пеш меояд, ки посух мехоҳад: вақте бо ёрии ҳуши маснуъии шахсӣ баҳои баланд гирифтан аслан мушкиле надошта бошад ва бештари хонандаҳо тӯли даҳ-дувоздаҳ соли таҳсил дар мактаб ҳама кӯшишашон танҳо барои ҷустану ёфтани ҷавоби дуруст равона шудааст, магар бо “ёрии” ҳуши маснуъӣ танбалтару бесаводтар намешаванд? 

Раҳбари DeepMind ба ин суол ҳам зимнан посух гуфта ва ба назари ӯ ин масъаларо худи омӯзиш ҳал мекунад: ин гуна хонандаҳо ҳанӯз аз дари мактаб берун нашуда, дар бозори кор ба бекорон табдил меёбанд. Ва маҷбуранд қабл аз хориҷ шудан аз мактаб ба системаи нави таълим мутобиқ шаванд. 

Ӯ мегӯяд, дар ояндаи наздик ва ҳатто фардо фарқи байни одамонро ин муайян намесозад, ки кӣ формулаи тайёри бештареро аз ёд медонад. Фарқро ин муайян мекунад, ки вақте ҳуши маснуъӣ якбора даҳ ҳазор роҳи ба назар бенуқсонро пеши рӯят мегузорад, оё ту метавонӣ якеашро интихоб кунӣ, масъулияти тасмимро ба дӯш бигирӣ ва одамонро гирди ҳам биёрӣ, то кор ба анҷом расад?

Ҳассабис ба ин назар аст, ки “вақте ногузир аст ҳам омӯзгороне, ки корашон ба такрори як дарс табдил ёфтааст ва ҳам хонандагоне, ки танҳо ба ёфтани ҷавоби дуруст одат кардаанд, ба мавҷи бесобиқаи бекорӣ рӯ ба рӯ шаванд, як роҳ боқӣ мемонад: синфро ба ҷое табдил диҳем, ки кӯдак дар он интқитсияҳои инсонии худро сайқал диҳад ва ҷуръату амбитсияи ба роҳ мондани кори худашро пайдо кунад”. 

Ин ҳарфҳои Демис Ҳассабис ҳанӯз як андешаронӣ ё мешавад гуфт пешниҳод аст. Аммо рушди босуръати ҳуши маснуъӣ ва ҷойгузини бештари касбу корҳо шуданаш танҳо дар ду соли охир, нишон медиҳад билохира инсоният маҷбур хоҳад шуд системаи омӯзишро ҳам тағйир диҳад. Ва ҳар кишваре ин системаро пештар аз дигарон ҷорӣ кард, на танҳо бурд хоҳад кард, балки аз дигарон бо суръати чашмгире пештар хоҳад рафт.  Бо ҳамон суръате, ки имрӯз ҳуши маснуъӣ пеш меравад. 

Вақте ин система роҳ афтод, барои низомҳои худкома дуроҳие пеш меояд, ки якеро бояд интихоб кунад: системаи кӯҳнае, ки дар он “сарваршиносӣ” ҳами илм номида шуда ва дар донишгоҳҳо тадрис мешавад, ё системаи наве, ки ба ҳеҷ ваҷҳ имкон нахоҳад дошт дар он чунин “илмҳо”-е ворид карда шаванд. 

Ин ки низомҳои худкома хоҳанд кӯшид системаи кӯҳна ҳифз шавад, то улуме мисли “Сарваршиносӣ” ба ҳеҷ ваҷҳ аз байн наравад, ҷои шубҳа нест. Танҳо суоли матраҳ ин аст, ки ин кӯшиш чанд сол идома хоҳад дошт ва чӣ авоқибе барои илму маорифи кишварашон хоҳад овард..

Мавзӯъҳои марбут