Миллатгароӣ дар Русия: Мавашии “қаҳрамон” ва муҳоҷири “ахлот”

Дирӯз, 25 октябр миллатгарои ифротии рус Миша Маваши мурд. Марги ӯ дубора баҳси миллатгароӣ дар Русияро зинда кард. 

Маваши поягузори созмони миллатгарои “Инсони шимолӣ” (Северный человек) буд, муҳоҷирону мусалмононро бад медид ва ва алайҳи ҳузури муҳоҷирон дар Русия мубориза мебурд. Марги ин миллатгароро, ки аз ҳамлаи Русия ба Укроин ҳам ҳимоят мекард, аксари расонаҳои ин кишвар бозтоб доданд ва ҳатто бархе онро “фоҷеъае барои миллат” номиданд. Устондори вилояти Вологда Георгий Филимонов пас аз марги Маваши, ӯро ҳамразму ҳамфикри худ ва ҳамчунин “размандаи рӯшноӣ” хонд. Байни ин ду – устондори як вилоят ва миллатгарои ифротии рост – ҳамкории ошкоре низ вуҷуд дошт: шохаи Череповетси (ноҳияе дар вилояти Вологда) ин ҷунбиш дар баргузории ҷашнвораи «Осмони славянҳо», ки бо ибтикорҳои устондор пайванд дошт, мушорикат карда буд. 

Чанд рӯз қабл, аниқтараш 22 октябр дар шаҳри Стерлитамаки Башқортистони Русия ду муҳоҷири тоҷик – Хисравшоҳ Маликов и Зоҳиршоҳ Ҳасанов, бо зери хатари марг гузоштани ҷони худ, ду зани русро аз зинда ба зинда сӯхтан наҷот доданд. Дар ин сӯхтор 4 нафар кушта ва 18 нафра захмӣ шуданд. Агар қаҳрамонии ин ду муҳоҷири тоҷик набуд, бо эҳтимоли хеле қавӣ ин ду зан ҳам кушта мешуданд. Шумори бисёр каме аз расонаҳо, он ҳам танҳо расонаҳои маҳаллӣ аз қаҳрамонии муҳоҷирони тоҷик хабар доданд. Дар ҳамин ҳол, ҲЕҶ расонае ба тоҷик ё ҳатто муҳоҷир будани ин ду қаҳрамон ишорае накарданд. Муҳаммадсанҷар Раҳимов, як муҳоҷири тоҷики дигаре, ки онҷо ҳузур дошта ва аввалин нафаре буда, ки аз вуқуъи сӯхтор ба Хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ хабар додааст вокуниши расонаҳои русӣ ба қазияро ба Азия–Плюс чунин шарҳ медиҳад: “Бисёр мушоҳида кардаам, ки дар расонаҳои Русия ҳувияти муҳоҷиронеро, ки амали нек мекунанд, намегӯянд. Аммо агар онҳо кӯчактарин қоидаро вайрон карданд, ҳатман ба миллату шаҳрвандии онҳо таъкид мекунанд”.

Аслан будан ё мурдани Миша Маваши (номи аслиаш Михаил Ниц) арзише барои навиштану хондан надорад. Афроде мисли ӯ меоянду чанд рӯзе “медурахшанд” ва тақдирашон ҳам тақрибан яксон аст. Қабл аз ӯ Тесаке ҳам буд, ки зисту фитнаву нафрату барбинӣ пароканду мурд. То ва баъди тесакҳову мавашиҳо дигар миллатгарову муҳоҷирбадбинҳо буданду хоҳанд буд. Он чи мавриди таваҷҷуҳ бояд бошаду дар борааш гуфтаву навишта шавад бархӯрди мақомоти кишварҳо бо тесаку мавашиҳо аз як тараф ва бо хисравшоҳҳову зоҳиршоҳҳо аз тарафи дигар аст.   

Филимонов, устондори як вилояти Русия, ки Маваширо ҳамразму ҳамфикри худ ва “размандаи рӯшноӣ” номидааст, танҳо сиёсатмадори миллатчиву ростгаро нест. Ва сатҳи ӯ баландтарин сатҳи сиёсатмадорони миллатгарову муҳоҷирбадбин ҳам нест. На танҳо ин гуна устондорон идораи чанд вилояти Русияро дар даст доранд, балки дар болотарин сатҳҳои ҳукумати ин кишвар низ мақом гирифтаанду “фаъолият”-и миллатгароёна ва зиддимуҳоҷириашонро озодона пеш мебаранд. 

Устондороне мисли Игор Артамонов (устони Липетск), Владислав Шапша (устони Калуга), Вадим Шумков (устони Курғон), Вениамин Кондратйев (сарзамини Краснодар), Александр Беглов (Санкт-Петербург) на танҳо мекӯшанд рӯз то рӯз ҷои пои муҳоҷирон дар устонҳои таҳти фармонашонро танг созанд, балки аз истифодаи алфози тунд алайҳи онҳо худдорӣ намекунанд. Барои мисол, Артамонов зимни баррасии ҳузури муҳоҷирони қонуниву ғайриқонунӣ гуфта буд “дар асл ба мо на инҳояш лозим аст ва на онҳояш!”. Ё Шумков дар бораи ҷамъиятҳои муҳоҷирон (диаспораҳо) бо сароҳат гуфта буд “ингуна ҷамъиятҳо бояд дар муддати як шабонарӯз аз байн бурда шаванд”. 

Мутаассифона, ҳарчи дар сатҳ болотар биравед, нафароне миллатгаротару муҳоҷирбадбинтар пайдо мекунед. Ин ҳам чанд мисол аз сатҳи болои ҳукумати Русия:

Пётр Толстой — муовини пешини раиси Думаи давлатӣ ва аз тирамоҳи соли 2026 раиси Кумитаи умури байналмилалӣ: “Ҳамаи ин ҷамъиятҳои миллӣ, ҳамшаҳриҳо ва ҳамватанон чизе ҷуз сохторҳои мафиёии қонунӣ кардашуда нестанд”.

Дмитрий Рогозин — сенатор, узви Кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федератсия; пештар муовини нахуствазир ва роҳбари “Роскосмос” буд. Соли 2005 дар навори таблиғотии ҳизби “Родина” ширкат кард, ки пас аз саҳнае бо ҳузури зодагони Қафқоз шиори “Маскавро аз ахлот пок мекунем” намоиш дода мешуд. Дар сомонаи шахсии Рогозин ин суханони ӯ аз соли 2006 нашр шудаанд: “Муҳоҷирони номатлуб ва мафияи қавмиро аз Русия берун берун мекунем”.

Андрей Клишас — раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва давлатсозии Шӯрои Федератсия, дар бораи муҳоҷирон: “Онҳо намехоҳанд бо мо зиндагӣ кунанд, мехоҳанд ба ҷойи мо зиндагӣ кунанд”.

Александр Бастрикин — раиси Кумитаи тафтишоти Русия. 27 июни соли 2024 дар Анҷумани байналмилалии ҳуқуқии Петербург хабар дод, ки беш аз 30 ҳазор шаҳрванди хориҷии шаҳрвандии Русияро гирифта, аммо дар қайди ҳарбӣ сабтиномнакардаро пайдо кардаанд ва тақрибан 10 ҳазор нафарашонро ба минтақаи ҷанг фиристодаанд. Ӯ вожаи “шикор кардем” (отловили)-ро истифода бурд, ки бештар дар қиболи сагҳои бесоҳиб истифода мешавад. Нуктаи бисёр гӯё ин аст, ки Бастрикин ин шеваро «як ҳила» (фишка) номид, ки боис шудааст муҳоҷирон Русияро тарк кунанд. Яъне, худи ӯ сабтиноми ҳарбӣ ва фиристодан ба ҷангро ба коҳиши муҳоҷират пайванд дод.

Чашмпӯшии мақомдорону расонаҳои Русия аз некиҳову қаҳрамониҳои муҳоҷирон ва дар муқобил ҳангома сохтан аз камтарин қонуншиканиҳои онҳо падидае нест, ки дар он камбуди “бархе расонаҳо” ва ё “бархе мансабдорон” дида шавад. Ҳузури миллатгароёни муҳоҷирбадбин дар курсиҳои устондории чандин вилояти ин кишвар ва мақомоти бисёр баландпояи он дарак аз он медиҳад, ки бегонаситезӣ ва муҳоҷирситезӣ ба ҷузъе аз сиёсатҳои ин кишвар табдил шудааст. Ва расонаҳо, ки дар ин кишвар дигар кайҳост озод нестанду бо “дастур аз боло” мегӯянду менависанд, танҳо ҳамин сиёсатро пиёда месозанд. Ва ин “дастур аз боло” зоҳиран қаҳрамон тарошидан аз мавашиҳову тесакҳо ва “ахлот” донистани хисравшоҳҳову зоҳиршоҳҳо дастур медиҳад. 

Ва ин сиёсату ин “дастурот”, ки солҳост идома дорад, натиҷаҳои “назаррас”-е ҳам ба бор овардааст. Таърихчаи хонагирии Таҳмина Самадоваро ба хотир оварем. Ба ӯ, ки ҳам худашу шаваҳараш ва ҳам кулли фарзандонаш (7 нафар) шаҳрвандони Русия ҳастанд, хона дода шуд. Ва маҳз шӯру валвалае, ки корбарони руси шабакаҳои иҷтимоӣ барпо карданд, боис шуд, ду миллатгарои боломақом – муовини раиси Дума Миронов ва раиси Кумитаи тафтишот Бастрикин ба қазия дахолат кунанд. Ва дахолаташон ҳам ҷолиб буд: Миронов талаб кард қонунияти додани хона ба оилае, ки 7 фарзанд дораду дар хонаи якҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунад (!) санҷида шавад. “Ҳамразму ҳамфикр”-аш Бастрикин талаб кард ҷузъиёти парванда ба ӯ ирсол карда шавад. 

Ин ки муовини раиси парлумон ва раиси Кумитаи тафтишоти кишваре ба ин бузургӣ ба қазияи дода шудани хона ба як хонаводаи муҳоҷир дахолат мекунанд, ки дар натиҷа хона аз муҳоҷирон бозпас гирифта шуда Таҳмина Самадова ба 4 соли зиндон маҳкум мешавад, нишон медиҳад сатҳи миллатгароӣ дар ин кишвар то ба куҷо расидааст. 

Ва вақте марги фашисте чун Маваши мусибат эълон мешаваду наҷоти ду зан аз оташ бо риски марг аз тарафи муҳоҷири тоҷик нодида гирифта мешавад, нишон медиҳад паҳнои ин падида то куҷост…

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Миша Мавашии муҳоҷирбадбин даргузашт

25-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Воронеж рэпсаро ва миллатгарои рус Миша Маваши (Михаил Ниц), дар синни 41-солагӣ даргузашт.

Корхонаҳои белорусӣ муҳоҷирони тоҷикро ба маоши баланд ваъда карданд

Корхонаҳои вилояти Гроднои Беларус омодаанд муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо маоши моҳонаи аз 750 то 1200 доллар ва ҷойи зист ба кор қабул кунанд.

Тағйироту ҷойивазкуниҳои Раҳмон дар вазорату идораҳо

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.

Аз Бразил то Сербистон: вақте овози мардум ҳокимиятро дигаргун мекунад

Дар охири ҳафтаи сипаригашта интихобкунандагони ду кишвар нишон доданд, ки сандуқи раъй ҳанӯз метавонад сарнавишт ва ояндаи сиёсии кишварро тағйир диҳад.