ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

“Касеро доред, ки битавонад шуморо бо даҳ сол ҳукми зиндон аз ин ҷо берун бикашад? Ба назаратон, доред? Ду кас метавонанд: Аллоҳ ва Бог — он ҳам дар тобути чӯбӣ. Аммо ман шуморо зинда аз ин ҷо мебарам. Ҳарчанд на ҳамеша зинда бармегардонам”.

Ин ҳарфҳои Евгений Пригожин, раҳбари ширкати хусусии низомии “Вагнер” (ЧВК “Вагнер”) дар яке аз зиндонҳои Русия, рӯбурӯи зиндониён, тирамоҳи соли 2022 садо доданд. Ӯ барои шаш моҳи ширкат дар ҷанг афв ваъда медод. Ҳоло ин қимат ба як, якуним ва ду сол боло рафтааст, вале ҷумлаи охирини Пригожин дигар садо намедиҳад. Яъне, ҷалбкунандагон ба ҷанг, дигар аз марг намегӯянд. Зеро ҷумлаи охири раҳбари “Вагнер” қимати эҳтимолии ин муомиларо ошкор мекард: берун рафтан аз зиндон ҳанӯз маънои зинда баргаштан ба хонаро надошт.

Пригожин, қотили касбӣ, ки аз Африқо то Укроин хуни ҳазорон нафар ба дӯшаш аст, кайҳо мурдааст, вале кори ӯро Вазорати дифоъи Русия идома медиҳад. На танҳо Вазорати дифоъ, чандин мақомоти Русия, аз ҷумла Кумитаи тафтишот, пулис, Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо ва ғайра. Вале бо қонуншиканиву бераҳмии бештар. 

Он чи ду рӯз қабл Радиои “Озодӣ” дар бораи фишор болои зиндониёни тоҷик барои бурданашон ба ҷанг нашр кард, яке аз садҳо ҳолатҳост, ки ҳар рӯз иттифоқ меафтад. Аз зиндон берун шудани хабари фишор болои маҳбусон, бахусус шиканҷаҳои бисёр шадиду гӯшношунид ба нудрат иттифоқ меафтад. Агар ҳамаи он ҳолатҳо ифшо ва расонаӣ мешуданд, шояд ҳар рӯз даҳ мақола дар ин бор мехондем. 

Дар таҳқиқоте, ки “Медуза” нашр кардааст, Александр, вакили дифои москвагӣ мегӯяд, “Пас аз байн бурдани Пригожин ва комилан ба ихтиёри Вазорати дифоъ гузаштани ҷалби маҳкумшудагон, мавҷи ба ҷанг бурдани зиндониён идома дорад. Дар маҳбасе, ки ман мерафтам, аз соли 2023 назди даромадгоҳ пайваста мошинҳои комиссариатҳои ҳарбӣ меистоданд. Рӯи онҳо даъват ба хидмати шартномавӣ насб шуда буд. Кормандони Вазорати дифоъ, ки бо ин мошинҳо меомаданд, зиндониёнро ба ҷанг ҷалб мекарданд”. Ҳаҷмро тасаввур кунед. Пригожин ба ҳар зиндон шояд як бор меомад, вале кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ҲАРРӮЗА онҷо навбатдорӣ мекунанд!

Бо вуҷуди имкони бисёр ками дарёфти маълумот аз зиндонҳо, таҳқиқоти зиёде дар ин маврид анҷом шудаанд. Аз ҷумла, таҳқиқоти “Медуза”, “Медиазона”, Би-би-сӣ ва гузориши “Настоящее время”, ки соли 2024 нашр шудаанд, паҳлуҳои гуногуни ин равандро нишон медиҳанд: ваъдазои дурӯғ, таҳдид, фишор, талафоти бисёр зиёд байни маҳбусон дар ҷанг ва ҳатто мушкилоти ҳуқуқии онҳое, ки зинда монданд. 

Тибқи таҳқиқоти муштараки “Медиазона” ва бахши русии Би-би-сӣ бо номи “Цена Бахмута”, сохторҳои Пригожин дастикам 48 ҳазор зиндониро ба ҷанг ҷалб кардаанд. Рӯзноманигорон номи 43,8 ҳазор нафари онҳоро, ки аз маҳбасҳо ҷалб шудаанд, муайян карданд. Дар ин таҳқиқот санади аҷибе вуҷуд дорад: аз 19,5 ҳазор ҷангҷӯи “Вагнер”, ки дар набардҳои Бахмут кушта шудаанд, тақрибан 17 ҳазорашон онҳое, буданд аз зиндонҳо оварда буданд.

Ин рақамҳо танҳо ба нақли наздикон такя намекунанд. Муҳаққиқон санадҳои дохилии пардохт ба хонаводаҳои кушташудагонро бо маълумоти дигар, аз ҷумла феҳристи парвандаҳои мерос ва рӯйхатҳои талафот, муқоиса кардаанд.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки баъди мавҷҳои аввали ҷалби маҳбусон ба ҷанг, шумори хоҳишмандон бамаротиб камтар шудааст. Дар натиҷа барои ҷалби онҳо бештар фишору таҳдид ва шиканҷаву маҳримиятҳо истифода мешаванд. Дар таҳлиле, ки 25 ноябри соли 2024 “Медуза” нашр кардааст, вакилони дифоъ аз фишору таҳдидҳо болои зиндониён мегӯянд. Дар навиштаи дирӯзаи “Озодӣ” низ маҳбусони тоҷик гуфтаанд, “ҳоло зиндониён аз Осиёи Марказӣ дар ҳуҷраҳои “БУР” (барак усиленного режима) ва “СУС” (строгие условия содержания), утоқҳои махсус бо шароити сахт барои зиндониёни хатарнок нигаҳдорӣ мешаванд”, то шартномаи рафтан ба ҷангро имзо кунанд. Худи вакилоне, ки бо “Медуза” мусоҳиба кардаанд, шоҳиди маҷбуркунии мустақим будаанд.

Дар таҳқиқоти дигари “Медуза” сухан аз он меравад, ки Вазорати дифоъи Русия маҳубсонро бидуни имзои шартнома ба ҷанг бурдааст. Ин раванди бисёр хатарнок, ки дар оянда метавонад густардатар шавад. Яъне, вақте Вазорати дифоъ ё Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо диданд, ки наздиклни зиндониён, бахусус зиндониёни бесарпаноҳи чун тоҷикон ва давлати онҳо ҳеҷ иқдоме алайҳи иҷборан бурдани онҳо ба ҷанг намекунад, дар оянда метавонанд ҳар нафари онҳоро бидуни пурсиш ба ҷанг фиристанд.  

Барои зиндониёни хориҷӣ ҳам, ки ба ҷанг ҷалб мешаванд, таҳқиқот нашр шудаанд. Аз ҷумла, “Настоящее время” 14 октябри соли 2024 саргузашти Ҷовид, шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро нашр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳукми ҳафтсолааш ҳамагӣ ҳафт моҳ монда буд, вале ӯро маҷбур мекарданд шартнома бо Вазорати дифоъи Русияро имзо кунад. Ӯ мегӯяд, зиндониёни тоҷику узбекро барои имзои шартнома зери фишори шадид гирифтаанд ва ҳар касе рад мекунад, ба изолятори ҷаримавӣ мефиристанд.

Ҷовид инчунин аз талаби мақомоти зиндон ва Вазорати дифоъи Русия дар масъалаи даст кашидан аз шаҳрвандии худаш (Тоҷикистон) ва дархости шаҳрвандии Русия ҳамзамон бо имзои қарордод хабар додааст. Гурӯҳе аз зиндониён дар нома ба ин расона аз таҳқири мазҳабӣ ва шароити тоқатфарсо шикоят кардаанд. Онҳо гуфтаанд русҳо (бо гумони ғолиб бо супориши мақомот – муаллиф) шаҳрвандони хориҷиро дар зиндон ҳамеша зери латукӯбу шиканҷа қарор медиҳанд. Ҳатто зиндонбонҳо либосҳояшонро мегиранд, то шароит барояшон тоқатфарсотар шавад.

Аз сӯи дигар, берун омадан аз зиндон ва ширкат дар ҷанг барои ҳама мақоми баробари ҳуқуқӣ наовардааст. Би-би-сӣ дар таҳқиқоте, ки “Медуза” 27 сентябри соли 2024 ҷамъбаст кард, беш аз бист қарори додгоҳро омӯхтааст. Аз онҳо бармеояд, ки аз 24 феврали то 1 сентябри соли 2023 Вазорати дифоъ зиндониёнро ба гурдони “Шторм Z” (ки ба марговартарин ҷабҳаҳо фиристода мешавад) бар асоси “розигии хаттӣ”, бидуни имзои қарордоди маъмулӣ, мефиристодааст. Мушкил ин ҷост, ки тибқи қонун ин розигӣ қарордоди муқарраркунандаи ҳуқуқу масъулияти тарафҳо эътироф нашудааст. Дар натиҷа, дар додгоҳҳо ба бисёре аз даъвогарон пардохтҳои пешбинишуда барои ширкат дар ҷангро рад кардаанд. Тибқи санадҳои баррасишуда, барои ин зиндониёни собиқ меъёрҳои алоҳидаи маош ва ҷуброни захм муқаррар шуда буд. Яъне на танҳо хавфи марг, балки ҳуқуқи талаби ҷуброн ҳам барои гурӯҳҳо яксон набудааст.

Дар натиҷа, бештари зиндониён на танҳо ба бадтарину марговартарин мавозеъи ҷабҳа фиристода мешаванд, имкони зинда монданашон бисёр кам аст, балки ҳеҷ кафолате ҳам барои дарёфти маблағ ва имтиёзот надоранд. Қазия барои зиндониёни тоҷик, ки ҳеҷ пуштупаноҳе надоранд, бамаротиб мушкилтар мешавад. Наздикони зиндониёни рус ҳадиақал шароит ва имкони даъво дар додгоҳҳоро доранд. Аммо барои он ки наздикони як зиндонии тоҷик дар додгоҳҳои Русия алайҳи таъқибу шиканҷаи фарзандаш дар зиндон ва иҷборан бурда шуданаш ба ҷанг даъво кунад, ҳадиақал ба пуштибонии ҳукумати кишвараш ниёз дорад, ки надошту надорад.

Дар натиҷа фарзандаш дар ҷанге бегонаву бемаънӣ ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешавад…

Абдуманнон Шералиев

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.