2.9 C
Dushanbe

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон идома дорад

Дар Тоҷикистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон мавсими тағйири кадрҳо ё худ ҷойивазкунии мақомдорон идома дорад. 

Дар пайи ин ҷойивазкуниҳо Нуриддин Саид аз вазифаи раиси Кумитаи телевизион ва радио озод ва ба ҷои ӯ Носир Саид, ки то ин дам роҳбари телевизиони “Сафина” буд, ба ин мансаб таъйин гардидааст. Ба ҷои Носир Саид, Садриддин Шамсиддинзода, собиқ раиси телевизиони “Ҷаҳоннамо” ба курсии раисии телевизиони “Сафина” нишаст.

Раиси нави телевизиони “Ҷаҳоннамо” Соҳибназари Ғоиб, собиқ раиси телевизиони “Хатлон” ва писари Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб таъйин гардидааст. Ҷойнишини ӯ дар телевизиони “Хатлон” то ҳол маълум нест.

Гуфта мешавад, Нуриддин Саид, ки дар мақомҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла вазири маорифи кишвар кор карда ва дар расонаҳо бо қарорҳои баҳсбарангезу ибораи “латукӯбизатся” маъруф аст, бознишаста шудааст.

Ҳамчунин имрӯз, 21-уми январ Эмомалӣ Раҳмон номзадии Шермуҳаммад Шоҳиёнро барои барканорӣ аз вазифаи раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба маҷлиси миллӣ пешниҳод намуда, Рустам Мирзозодаи 50-сола, ки то ҳол раиси Додгоҳи олии имқтисодии Тоҷикистон буд, ҳамчун раиси Додгоҳи олӣ пешҳниҳод кардааст. Шермуҳаммад Шоҳиён аз рӯйхати Ҳизби халқӣ-демократӣ номзад ба вакили парлумон, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор мегардад, мебошад. 

Дар пайи ин ҷойивазкуниҳо Гулнора Ҳасанзода аз вазифаи вазири меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон озод ва ба ҷои ӯ Солеҳа Холмаҳмадзода, ки вакили парлумони кишвар буд, вазир таъйин шудааст.

Инчунин бо фармони дигари Раҳмонов, Рустам Назарзода аз мансаби раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода озод гардида, ба ҷои ӯ Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, ки то ин дам сардори нурӯҳои марзбонии Тоҷикистон буд, раиси нави ин кумита таъйин гардид.

Курсии Раҳмоналиро муовини якумаш Муродалӣ Раҷабзода соҳиб гаштааст, ки ҳамзамон муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъйин гаштааст. 

Бо фармони дигаре имрӯз Дилмурод Давлатзода директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон таъйин шуд. Вазифаи нави Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ раиси ин агентӣ то ҳол маълум нест. 

Эмомалӣ бо як фармони дигар Абдуллозода Аҳтамро аз вазифаи сардори Саридораи сири давлатии Тоҷикистон гирифта, ба ҷойи Барно Саидвализола сардори Хадамоти иҷрои назди Тоҷикистон таъйин кардааст.

Ҳамзамон Олимҷон Муҳаммадҷонзода аз вазифаи раиси Кумитаи забон ва истилоҳт барканор ва ба ҷои ӯ Сахидод Раҳматуллозода, ки муовинаш буд, раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти таъйин шуд.

Пештар аз ин низ дар дигар ниҳодҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои қудратии кишвар ҷойивазкуниҳо сурат гирифта буд ва ин раванд чанд дар ҳукумати Эмомалӣ рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳар сол моҳи январ тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисос ва донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Коршиносон тағйироти кадрӣ дар вазорату кумитаҳои Тоҷикистонро танҳо ҷойивазкунӣ меноманд, чун аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Русия дар нишасти навбатии машваратҳои сиёсии худ дар бораи "масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо" суҳбат карданд.

Роҳҳои Ҳисор-Душанбе кай таъмир мешаванд? 

Корбарон дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо нашри чанд акс аз ҳоли зори роҳи Ҳисор-Душанбе хабар медиҳанд.

Оё раводиди байи Эрон ва Тоҷикистон пурра бекор шуд?

Зимни сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лағви пурраи низоми раводид байни ду кишвар хабар дод.

Номаи мухолифи тоҷик ба Трамп

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон бо навиштани номае ба Президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп аз мушкилоти Тоҷикистон гуфтааст.