2.9 C
Dushanbe

Номаи мухолифи тоҷик ба Трамп

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон бо навиштани номае ба Президенти тозаинтихоби Амрико Доналд Трамп аз мушкилоти Тоҷикистон гуфтааст.

Дар ин нома, ки 20-уми январи соли ҷорӣ навишта шудааст, аз Трамп хоста шуда, ки аз озодии фаврӣ ва беқайду шарти маҳбусони сиёсӣ, қатъи таъқибу фишор ба фаъолон ва ташкили интихоботи озоду шаффоф дар Тоҷикистон пуштибонӣ кунад.

Ҳамзамон Гадоев гуфтааст, дар Тоҷикистон буҳрони сиёсӣ ва башарӣ шиддат гирифта, режими Эмомалӣ Раҳмон озодиҳои шаҳрвандиро пайваста саркӯб намуда, намояндагони мухолифин, расонаҳои мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқро таъқиб мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин амалҳо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдид менамоянд.

“Суботи Тоҷикистон дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад. Мо омодаем бо маъмурияти шумо барои пешбурди ислоҳоти демократӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намоем”, – таъкид кардааст Гадоев.

Раиси Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон дар номааш гуфтааст, ки Президент Трамп ва Иёлоти Муттаҳида, ҳамчун ҳомии пешбари арзишҳои демократӣ, метавонанд дар ҳалли буҳрон ва расидан ба сулҳи пойдор дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозанд ва даъват кардааст, ки ташаббуси муколамаи созанда байни мухолифини тоҷик ва режими Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намояд.

Номаи Шарофиддин Гадоев дар ҳоле навишта шудааст, ки Доналд Трамп, намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи моҳи ноябри соли 2024 дар Амрико пирӯз шуд ва рӯзи 20-уми январ ба ҳайси президент савганд ёд кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия

Мақомоти олии Тоҷикистон ва Русия дар нишасти навбатии машваратҳои сиёсии худ дар бораи "масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо" суҳбат карданд.

Роҳҳои Ҳисор-Душанбе кай таъмир мешаванд? 

Корбарон дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” бо нашри чанд акс аз ҳоли зори роҳи Ҳисор-Душанбе хабар медиҳанд.

Оё раводиди байи Эрон ва Тоҷикистон пурра бекор шуд?

Зимни сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лағви пурраи низоми раводид байни ду кишвар хабар дод.

Доналд Трамп ҳамчун 47-умин раисҷумҳури Амрико савганд ёд кард

Рӯзи 20-уми январ Доналд Трамп раисҷумҳури тозаинтихоби Амрико барои оғози кораш савганд ёд кард.