Хабар АФҒОНИСТОН ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон хостори таъсиси бозори муштарак дар марз бо Афғонистон шудааст

Тоҷикистон аз мақомоти Толибон хостааст, ки бозори муштараки марзӣ таъсис дода шавад. Маҳал ва замони ифтитоҳи он ҳоло эълон нашудааст.

Тоҷикистон хостори таъсиси бозори муштарак дар марз бо Афғонистон шудааст Аск аз навори рӯзноманигор Dilo Dorobshoeva

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул, рӯзи 18-уми ноябр дар мулоқот бо раиси Палатаи савдо ва сармоягузории Афғонистон аз нақшаи таъсиси бозори муштарак дар марзи ду кишвар хабар дод. Маҳалли бозор ва замони ифтитоҳи он ҳанӯз эълон нашудааст.

Бино ба иттилои Палатаи савдо ва сармоягузории Афғонистон, Шарифӣ дар суҳбат бо раиси ин ниҳод Сайид Карим Ҳошимӣ гуфтааст, ки ҳадаф аз таъсиси бозор осон кардани додугирифт миёни тоҷирон ва сокинони ду тарафи марз аст. Ба гуфтаи сафир, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон низ мехоҳад барои соҳибкорони ду кишвар мулоқоту сафарҳои мунтазам ташкил кунад.

Ҳошимӣ пешниҳод кардааст, ки дар қадами аввал барои сафари ҳайати камаш даҳ тоҷири афғон ба Тоҷикистон шароит фароҳам шавад. Ҳадафи сафар шиносоӣ бо имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва барқарор кардани робитаи мустақим бо соҳибкорони тоҷик аст.

Тоҷикистон ва Афғонистон аз соли 2006 ба ин сӯ таҷрибаи ташкили бозорҳои муштараки марзиро доранд. Моҳи сентябри соли 2023 Тоҷикистон ба бозкушоии чор бозор дар Хоруғ, Ишкошим, Ванҷ ва Дарвоз иҷозат дод. Моҳи декабри ҳамон сол бозори “Шоҳон” низ миёни ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва вулусволии Хоҳони Бадахшони Афғонистон дубора ба кор оғоз кард. Аммо дар баёнияи имрӯзаи Палатаи савдои Афғонистон гуфта нашудааст, ин бозоре, ки бояд таъсис шавад, кай ва дар кадом қитъаи марз хоҳад буд.

Мавзӯъҳои марбут