Хабар МУҲОҶИРАТ

Муҳоҷиронро дар фурудгоҳи Қазон барои рафтан ба ҷанг маҷбур карданд: фурудгоҳ рад мекунад

Дар фурудгоҳи Қазон бархе аз зодагони Тоҷикистонро барои имзои шартномаи иштирок дар ҷанги Русия алайҳи Украина фишор оварданд.

Муҳоҷиронро дар фурудгоҳи Қазон барои рафтан ба ҷанг маҷбур карданд: фурудгоҳ рад мекунад Акс бо ҳуши маснуӣ сохта шудааст.

Чанде аз мусофирон ба расонаи русии “Осторожно, новости” гуфтаанд, ки дар фурудгоҳи Қазон бархе аз зодагони Тоҷикистонро барои имзои шартномаи иштирок дар ҷанги Русия алайҳи Украина зери фишор гузоштаанд. Дафтари матбуоти фурудгоҳ хабари боздошти 50 хориҷиро рад кардааст.

Ба нақли шоҳидон, ҳодиса тақрибан як ҳафта пеш аз нашри гузориш рух додааст. Онҳо гуфтаанд, ки баъди фуруд омадан ба тақрибан 50 мусофири хориҷӣ иҷозаи вуруд ба Русия надода, онҳоро ба таҳхонаи фурудгоҳ бурдаанд. Ба гуфтаи мусофирон, онҳо беш аз се шабонарӯз он ҷо монданд ва дар ин муддат ба дасташон ҳеч санаде надодаанд. Ба нақли боздоштшудаҳо, онҳо рӯйи фарш мехобидаанд ва ҳамчун хӯрок барояшон танҳо угрои зудтайёр медодаанд.

Шоҳидон гуфтаанд, ки ба чанде аз зодагони Тоҷикистон ду роҳ пешниҳод кардаанд: ё як моҳ ва бештар дар маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ мемонанд ё барои иштирок дар ҷанг шартнома имзо мекунанд. Мусофирон ҳамчунин аз таҳдиду зӯроварӣ шикоят кардаанд. Дар гузориш мушаххас нашудааст, ки кормандони кадом ниҳод ба онҳо чунин шарт гузоштаанд ё касе аз мусофирон шартнома имзо кардааст ё на.

Шиносони яке аз мусофирон ба ин расона гуфтааст, ки ӯро дар ниҳоят ба Тоҷикистон баргардонданд. Ба нақли онҳо, дар ҳуҷҷатҳои ӯ дар бораи ин сафар ҳеч қайде нагузоштаанд. Шумори зодагони Тоҷикистон дар миёни мусофирон маълум нест.

“Осторожно, новости” менависад, ки барои таҳқиқи ҳодиса ба дафтари матбуоти фурудгоҳи Қазон муроҷиат кардааст, вале мақомоти фурудгоҳ иттилоъ дар бораи боздошти 50 шаҳрванди хориҷиро “бардурӯғ” хондаанд. Аммо фурудгоҳ дар посухи худ ба ин расона дар мавриди иддаои фишор барои имзои шартномаи рафтан ба ҷанг алайҳи Украина шарҳе надодааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш AZDA.TV бо такя лоиҳаи украинии “Зистан мехоҳам” гузорише нашр кард, ки бар асоси он лоиҳаи мазкур муайян кардааст, ки 20 437 шаҳрванд аз кишварҳои Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар сафи артиши Русия бар зидди Украина меҷанганд. 

Бар асоси гузориши ахири лоиҳаи мазкур, ҳоло дар сафи артиши Русия 5 308 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доранд, ки бар зидди Украина меҷанганд. Дар ҳоле ки лоиҳа соли гузашта номи беш аз 900 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда буд. Вале имсол шумори тоҷикистониён қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Қаблан бархе муҳоҷирон ба расонаҳо гуфта буданд, ки мақомоти Русия онҳоро барои имзои шартномаи ҳарбӣ фишор меоранд. Барои баъзе додани шаҳрвандӣ ва маблағи зиёд ваъда медиҳанд ва барои баъзе зиндониён озодӣ аз зиндонро пешниҳод мекунанд.

AZDA.TV таҳқиқотеро бо унвони “Ҷанг ё зиндон: маҷбуран ба ҷанг фиристодани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украина” оғоз кардааст. Мо меомӯзем, ки чӣ гуна осебпазирии ҳуқуқӣ, боздошт, фишори иқтисодӣ ва иттилооти нодуруст барои ҷалби муҳоҷирон ба ҷабҳа истифода мешаванд.

Агар шумо ё наздиконатон, ки барои иштирок дар артиш ҷалб шудаед ё талаб доранд, ки ба сафи артиш бипайвандед, метавонед ба мо нависед: [+48 571 608 008]. Пинҳон мондани номи шумо кафолат дода мешавад.

Мавзӯъҳои марбут