Додситони кул: Омори дақиқ дар бораи иштирокчиёни тоҷик дар ҷанг алайҳи Украина вуҷуд надорад

Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон 8-уми август дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки маълумоти омории дақиқ дар бораи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанг алайҳи Украина вуҷуд надорад ва касе барои иштирок дар он ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

Воҳидзода гуфт, бархе аз шаҳрвандон ду шаҳрвандӣ доранд ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандии Русия. Ба гуфтаи ӯ, вақте шахс шаҳрвандии кишвареро қабул мекунад, бояд талабот ва уҳдадориҳои ҳамон давлатро риоя намояд.

“Масъалаи иштирок дар ҷангро худи давлат нисбат ба шахсе, ки шаҳрвандиро қабул кардааст, муайян мекунад. Барои ҳамин, ин бештар ба шаҳрвандии шахс ва хоҳишу уҳдадориҳои ӯ вобаста аст.”, таъкид кард Додситони кул.

Мақомот то кунун нагуфтаанд, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон мустақим ё ғайримустақим дар ҷанг бар зиддин Украина иштирок доранд, аммо як барномаи давлатӣ дар Украина бо номи “Зистан мехоҳам” номи бештар аз 900 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки бо артиши Русия қарордод баста, дар ҷанг ширкат кардаанд. 

Ин дар ҳоле аст, ки Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина 4-уми август дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишта буд, ки дар сафи пеши ҷабҳаи ҷанг аз ҷониби артиши Русия зархаридон аз Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Покистон ва чанде аз кишварҳои африқоӣ иштирок доранд.

Ӯ таъкид кард, ки ба чунин ҳолатҳо “посухи сазовор” дода хоҳад шуд, вале тарзи ин посухро шарҳ надод.

Агар қисми тоҷиконе, ки дар ин ҷанг иштирок мекунанд, шаҳрвандии Русияро дошта, бархе дигар бо ваъдаи озодӣ ё гирифтани шаҳрвандии Русия, аз миёни зиндониён ва муҳоҷирони беаснод ба ҷанг ҷалб мешаванд.

Чанде пеш як зодаи Тоҷикистон, ки бо Вазорати дифои Русия шартномаи яксола баста буд, дар суҳбат ба Azda.tv иброз дошта буд, ки пас аз анҷоми шартномааш моҳи феврали 2025 иҷозаи тарки ҷабҳа ва ҳатто рухсатӣ нагирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, садҳо тоҷик бо чунин вазъ рӯбарӯянд.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, иштирок дар ҷанги кишварҳои дигар ҷиноят ҳисобида мешавад. Созмонҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ борҳо ҳушдор додаанд, ки шаҳрвандони тоҷик фиреби мақомоти Русияро нахӯранд ва ҷони худро зери хатар нагузоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.