Талаби 17 соли зиндон барои як рӯзноманигори дигар

Додситон аз додрас барои бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов ва рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова 17 соли зиндонро талаб кардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, талаби ин ҳукми тулонӣ рӯзи 8-уми январ дар мурофиаи паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе садо додааст, аммо он рӯзи 22-юми январ тасдиқ шудааст.

Гуфта мешавад, мақомот нисбати хонум Рухшона бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардаанд.

То ҳол маълум нест, ки мақомот чаро ин рӯзноманигорро бо ин иттиҳоми сангин муттаҳам кардаанд, аммо як манбаи наздик ба тафтишот парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дода, гуфтааст, ки “баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он пурсиш назар додаанд”.

Назари Рухшона Ҳакимова ва вакили мудофеаш то ҳол дар ин бора дастраси расонаҳо нашудааст.

Гуфта мешавад, таҳқиқи парвандаи Рухшона ҳамроҳи парвандаи чеҳраҳои шинохтаи кишвар, ки ба “талоши табаддулоти давлатӣ” муттаҳам мешаванд, аз моҳи июли соли 2024 идома дорад. Вале худи ӯ ба хотири фарзанди ширхора доштан ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ буда, мақомот шиноснома ва дигар асноди ӯро гирифтаанд.

Дар доираи “талоши табаддулоти давлатӣ” ҳамзамон додситон аз додрас барои Саидҷаъфар Усмонзода собиқ вакили порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократ ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ 30 солии зиндонро талаб карда, барои боздоштшудаҳои дигар, аз ҷумла барои Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 24 сол, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 23 сол, Абдулфайз Атоӣ, собиқ корманди Вазорати корҳои хориҷӣ – 23 сол, – Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини собиқи раиси Ҳизби демократ – 23 сол, – Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи КДАМ ва ёвари Ҳамроҳхон Зарифӣ – 26 сол ва барои Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи КДАМ – 26 сол зиндон талаб карааст.

Ин чеҳраҳои шинохта аз моҳи июни соли 2024 дар боздошт қарор доранд ва ҳама иттиҳоми нисабаташон эълон шударо дар мурофиаҳои додгоҳӣ рад карданд.

Тавре расонаҳо иттилоъ доданд, дар охирон мурофиаи додгоҳии ин чеҳраҳои сиёсӣ ва собиқ вазирону кормандони давлатӣ, ки рӯзи 22-юми январ баргузор шуд, онҳо ҳама суханронӣ намуда, худро бегуноҳ донистанд ва аз додгоҳ талаб кардаанд, ки онҳоро озод кунад. Гуфта мешавад, додгоҳ ба утоқи машваратӣ рафта, қарор аст рӯзҳои наздик ҳукми ниҳоии гумонбарон содир шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.

Русия иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кард

Дар пасманзари сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират дар Русия, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кардааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми октябр бо ҳадафи иштирок дар нишасте бо сарони кишварҳои ОМ ба Туркманистон сафар кард.

Ҳушдори марзбони тоҷик ба Толибон: “Аз сарҳади Тоҷикистон хориҷ шавед!”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он гуфтугӯи пуртаниши миёни марзбонони Тоҷикистон ва намояндагони Толибон дида мешавад.