Хабар
ҶОМЕА
Бо гузашти панҷ моҳ ҷасади сарбози ғарқшуда ҳанӯз ҳам пайдо нашудааст
КҲФ мегӯяд, бо гузашти қариб 5 моҳ ҷасади сарбози ғарқшуда дар Амударё ҳанӯз ҳам пайдо нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, бо гузашти қариб 5 моҳ ҷасади сарбози ғарқшуда дар Амударё ҳанӯз ҳам пайдо нашудааст.
КҲФ-и бахши вилояти Хатлон ин навиштаро дар саҳифаи фейсбукияш рӯзи 19-уми ноябри соли 2026 дар посух ба муроҷиати волидони сарбоз Мирраимов Мирзобобур, ки 24-уми июни соли 2026 дар Амударё ғарқ шуда буд, нашр кардааст. Дар посухи ин ниҳод гуфта мешавад, ки то ҳанӯз корҳои ҷустуҷӯии ҷасади сарбоз идома дорад.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳодиса тахминан соати 12:20 дар ҳудуди дидбонгоҳи №8-и қисми ҳарбии 0305-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён рух додааст. Тибқи иттилои расмӣ, сарбоз ҳангоми шустани дастонаш ба Амударё афтода, ғарқ шудааст.
КҲФ мегӯяд, аз рӯзи ҳодиса то 19-уми ноябр гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ 10 маротиба ба минтақа сафарбар шуда, ҳар дафъа аз 10 то 15 шабонарӯз корҳои ҷустуҷӯиро анҷом додаанд. Ҷустуҷӯҳо бо иштироки наҷотдиҳандагони КҲФ ва намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ сурат гирифтааст.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи мақомот, бинобар баланд будани сатҳи об ва суръати тези ҷараёни дарёи Амударё, то ҳол пайдо кардани ҷасади сарбози ғарқшуда муяссар нашудааст. КҲФ таъкид кардааст, ки корҳои кофтуковии рӯиобӣ ва зериобӣ ҳамоно идома доранд.
Қобили зикр аст, ки Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон қаблан низ аз набудани баъзе таҷҳизоти муосир барои ҷустуҷӯ ва наҷоти ғарқшудагон изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки чунин камбудиҳо дар баъзе ҳолатҳо раванди корҳои наҷотдиҳиро душвор мегардонанд.
Ҳалокати сарбозон ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои баҳсбарангез шудааст. Бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла садамаҳо, ғарқшавӣ, тирпарронӣ ва дигар ҳодисаҳо, ҳамасола аз марги сарбозон дар минтақаҳои гуногуни кишвар гузоришҳо нашр мешаванд.
Мунтақидон мегӯянд, қисми зиёди чунин ҳодисаҳо ба сатҳи омодагӣ, назорат ва шароити хидмат дар қисмҳои ҳарбӣ вобаста аст. Ба гуфтаи онҳо, беҳтар нашудани шароити хидмат, таъмини нокифояи амният ва набудани ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми ҳарбӣ аз омилҳое мебошанд, ки ҷавононро аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ дур месозанд ва дар баъзе мавридҳо ҳатто ба фирор аз сафи артиш водор мекунанд.