Хабар ТОҶИКИСТОН ҶОМЕА

Чаро нозирони барқ изофанависӣ мекунанд ва мардумро қарздор нишон медиҳанд?

Як корманди пешини Шабакаи тақсимоти барқи шаҳри Ҳисор аз чӣ гуна изофанависии кормандони шабака ва роҳҳои қарздор нишон додани сокинонро ошкор кард.

Чаро нозирони барқ изофанависӣ мекунанд ва мардумро қарздор нишон медиҳанд? Акс бо кумаки ҳуши маснуӣ сохта шудааст.

Як корманди пешини Шабакаи барқи шаҳри Ҳисор аз чӣ гуна изофанависии кормандони шабака ва роҳҳои қарздор нишон додани сокинонро ошкор кард.

Саида Раҳимова (номи мустаори манбаъ), корманди пешини Шабакаи барқи шаҳри Ҳисор дар тамосе ба Azda TV гуфт, роҳбарияти ин ниҳод аз операторон талаб мекард, ки ба ҳисоби сокинон барқи изофӣ нависанд, дар ҳоле ки масрафи баъзе корхонаҳои мақомдорон ва ё наздиконашонро дар ҳисоб кам нишон медоданд. Раҳимова, ки ба гуфтаи худаш беш аз 10 сол дар ин ниҳод кор кардааст, ҳамчунин аз шароити барканориаш шикоят дорад.

Дастури “киловатт занед” аз куҷо меомад?

Раҳимова гуфт, ки раиси Шабакаи барқи шаҳри Ҳисор операторони шабакаро маҷбур мекард, то дар барномаи компютерӣ ба ҳисоби муштариён киловатт-соати иловагӣ ворид кунанд. Барои хонаводае, ки ба ҳисобаш чунин сабт ворид мешуд, пули барқ аз масрафи воқеӣ бештар мебаромад.

Раҳимова оғози ин таҷрибаро ба даврае нисбат медиҳад, ки Абдумалик Қодиров ба шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекард. Ӯ мегӯяд, Қодиров аз роҳбарони шабакаҳои маҳаллӣ талаб мекард, ки масрафи аҳолиро дар ҳисоб бештар нишон диҳанд. Ба нақли манбаъ, далеле, ки барои ин кор меоварданд, ин буд, ки сокинон оқибат аз ночорӣ қарзи сабтшударо мепардозанд.

Дар нусхаи баёноте, ки ба дасти Azda TV расид, Раҳимова аз корхонаҳои хиштпазии шаҳри Ҳисор мисол меорад. Ӯ менависад, ки ҳисобкунакҳои корхонаҳоро барои санҷиш ба озмоишгоҳ мебурданд ва як қисми барқи истифодакардаи баъзе хиштпазиҳо аз ҳисоб хориҷ мешуд. Раҳимова дар ин робита аз Мирзо Мадисоев, ки ӯро роҳбари вақти фурӯши барқи шаҳри Ҳисор муаррифӣ мекунад, инчунин аз Саид Сайидов, Фирӯз Абдуллоев ва Хисрав Аминов ном мебарад. Ба иддаои ӯ, ин се нафар дар кам кардани масрафи сабтшудаи корхонаҳо даст доштанд. Аммо Azda TV натавонист аз роҳҳои дигар ин иддаҳои манбаъро таъйид кунад ва ё далелҳои пешниҳодшударо мустақилона бисанҷад. 

Пули кормандонро кӣ мегирад?

Як бахши шикояти Раҳимова ба роҳхатҳои истироҳатии кормандон дахл дорад. Ӯ иддао мекунад, ки Фирӯза Мӯсоева, масъули иттифоқи касабаи шабакаҳои минтақавӣ ва Мадина Бобоева муовини ӯ дар шаҳри Ҳисор маблағе, ки барои истироҳати кормандон ҷудо мешуд, ба онҳо намедоданд. муаррифӣ мекунад. Ба иддаои Раҳимова, бархе аз назоратчиён солҳо барои истироҳат роҳхат нагирифтанд, дар ҳоле ки Мӯсоева наздикону шиносони худро ба осоишгоҳҳо мефиристод. Рӯйхати гирандагони роҳхатҳо дар ихтиёри редаксия нест. Ин танҳо иддаои манбаъ аст.

Радди пешниҳод ва ду дафъа аз кор рондан

Раҳимова ба Azda TV гуфт, ки раҳбари наваш ӯро ба хотири қабул накардани пешниҳоди ғайриахлоқона аз кор рондааст. Дар аризае ба номи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, барканориашро ба воқеае дар соли 2023 рабт медиҳад. Ӯ менависад, ки он сол Беҳрӯз Убайдуллозода, ки ҳамкораш буд, ба ӯ пешниҳоди ғайриахлоқӣ кард ва ӯ онро рад кард. Ба нақли Раҳимова, соли 2025 Убайдуллозода роҳбари Шабакаи барқи Ҳисор шуд ва ӯро аз кор ронд. Раҳимова ин тасмимро интиқом барои рад кардани пешниҳод медонад.

Пас аз барканорӣ ӯ ба роҳбарияти идораи минтақавӣ муроҷиат кардааст. Дар аризааш аз шаш дастур барои ба кор баргардонданаш ёд мекунад. Раҳимова мегӯяд, оқибат ба кораш баргашт, вале ӯро бори дуюм аз кор ронданд. “Ман маҷбур шудам барои ризқу рӯзӣ ба муҳоҷират равам”, — навиштааст ӯ. Ба гуфтааш, пас аз бозгашт аз муҳоҷират ҳам ӯро ба кор напазируфтанд.

Раҳимова аз Озода Раҳмон хостааст, ки барои санҷиши фаъолияти роҳбари Шабакаи барқи Ҳисор комиссияи мустақил таъсис диҳад. Azda TV нусхаи аризаро дид, аммо санаде дар бораи қабули он аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президент ва нусхаи фармонҳои барканориро дар ихтиёр надорад. Сабаби расмие, ки корфармо барои қатъи кори Раҳимова овардааст, маълум нест. Аммо худи ӯ мегӯяд, вақте барои гирифтани нусхаи фармони аз кор озод шуданаш муроҷиат кард, Мирзо Мадисоев, масъули бахши кадарҳои ин ниҳод аз ӯ як қуттӣ ангур ва як қуттӣ себ талаб кард. Ба гуфтаи Раҳимова, имкони бурдани меваро надошт ва нусхаи фармонро ҳам нагирифт.

Azda TV назари ҷониби дигарро гирифта натавонист. Инчунин иддаоҳои Раҳимова дар бораи нақши шахсони номбаршуда ва сабаби барканориаш мустақилона тасдиқ нашудаанд. Дар ҳоли вокуниши ҷониби дигар редаксия омода аст, назари онҳоро низ нашр кунад.

Додситони шаҳир Ҳисор ва нигарониҳо аз изофанависии кормандони Шабакаи барқ

Масъалаи изофанависӣ дар худи шаҳри Ҳисор пештар ҳам баррасӣ шуда буд. “Ховар” рӯзи 1-уми апрели соли 2026 бо истинод ба ҳукумати шаҳр хабар дода буд, ки додситони шаҳри Ҳисор Умедҷон Раҳмон дар ҷаласае аз изофанависии барқ ва қарздории муштариён изҳори нигаронӣ карда ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хост, пеши роҳи изофанависии нозиронро бигиранд. Дар ҳамон ҷаласа аз масъулони шабака хоста шуд, ки пеш аз гузаштан ба низоми нави ҳисобдорӣ қарзҳои боқимондаро ҷамъ кунанд. Дар хабар шарҳ дода нашудааст, ки пеш аз ситонидани қарз дурустии маблағҳои сабтшударо чӣ гуна месанҷанд.

Ҳамчунин рӯзи 16-уми ноябр “Азия-Плюс” бо такя ба маълумоти Агентии назорати давлатии энергетикӣ хабар дод, ки дар нуҳ моҳи соли 2026 наздик ба 500 корманди ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар Тоҷикистон беш аз 168,8 миллион киловатт-соат нерӯи барқро ба суратҳисоби аҳолӣ изофанависӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, зарари молии ин қонуншиканӣ қариб 51,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бар асоси ин омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки шаҳри Ҳисор ҳам ҷузъи онҳост аст, 9 миллиону 172 ҳазор киловатт-соат нерӯи барқ ба маблағи 2 миллиону 993 ҳазор сомонӣ изофанависӣ шудааст. Дар ин омор ҳиссаи шаҳри Ҳисор ҷудогона нишон дода нашудааст. Ҳанӯз маълум нест, ки суратҳисобҳои мавриди шикояти Раҳимова ҳам ба ин санҷиш дохил буданд ё на.

Мавзӯъҳои марбут