Бар асоси як номаи расмии Толибон дар соли 2025, зиёда аз 8 ҳазор нафар аз афрод ва кормандони давлатии пешини Афғонистон ҳаққи хориҷ шудан аз ин кишварро надоранд.
Дар ин нома, ки аз тарафи Раёсати назорат ва таъқиби фармонҳои Толибон омода шудааст, таъкид шуда ки ин афрод бо сабаби доштани даҳҳо сафҳа парванда ҷиноӣ ҳаққи хуруҷ аз кишварро надоранд.
Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон, дар фармонаш такид карда, ки ин афрод бе иҷозати хаттии ӯ ҳаққи хуруҷ аз Афғонистонро надоранд.
Дар ин мактуб омадааст, ки агар мақомҳои Толибон низ парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноӣ дошта бошанд, бидуни иҷозати раҳбари Толибон ҳаққи хуруҷ аз кишварро надоранд.
Таҳлилгарони афғонистонӣ мегӯянд, ин дарҳоле аст, ки Толибон пас аз ба қудрат расидан эълон карда буданд, ки мақомҳои давлатии пешини Афғонистонро “ъафв” карданд, ҳоло бошад барои онҳо садҳо сафҳа парванда сохтаанд.
Бархе аз расонаҳои мухолифи Толибон, хабар доданд, ки чанде пеш як гурӯҳи ҳакерӣ садҳо сафҳа аз санадҳои чандин вазоратҳои муҳими Толибон, аз ҷумла Раёсати таъқиби фармонҳоро дар интернет нашр кардааст.
Дар мактуби раҳбари Толибон дар бораи чузъиёти парвандаҳои мақомҳои пешин иттилоот дода нашудааст, вале ба гуфтаи бархе собиқ кормандони давлатии ҳукумати Ашраф Ғанӣ, чунин ба назар мерасад, ки раҳбарони имрӯзаи Афғонистон мехоҳанд мақомҳои пешинро бо иттиҳомоти мухталиф гунаҳкор кунанд.