17.9 C
Dushanbe

Трамп аз тарҳи ишғоли Ғазза ва ихроҷи фаластиниҳо чӣ мехоҳад?

Қазияи Ғазза ва мардуми Фаластин пас аз омадани Доналд Трамп ба сари қудрат дар Амрико боз ҳам печидатар шудааст.

Пешниҳоди Доналд Трамп, раисҷумуҳури Амрико дар бораи кӯчонидани фаластиниҳо аз Навори Ғазза бо баҳонаи бозсозии он ва “ба як осоишгоҳи байналмилалии соҳилӣ, таҳти назорати Амрико табдил додани он” дар чанд рӯзи охир дар сатҳи байналмиллалӣ баҳсбарангез шуд.

Ин дақиқан ҳамон тарҳест, ки соле пеш аз сӯи домодаш Ҷаред Кушнер пешниҳод шуда буд ва ҳоло Трамп аз азмаш барои амалӣ кардани ин тарҳ гуфт.

Трамп ҳарчанд тарҳи кӯчонидани фаластиниҳо аз Ғаззаро ду ҳафта пеш ба миён гузошта буд, аммо масъалаи зери назорат гирифтани Навори Ғазза аз сӯи Амрико ҳангоми мулоқоти Трамп бо нахуствазири Исроил Бинёмин Натаняҳу садо дод.

Раисҷумҳури Амрико дар ҳамсӯӣ бо Исроил таъкид кард, ки “Пеш аз бозсозии Ғазза Ҳамос бояд аз байн бурда шавад.” Ӯ мегӯяд, “Навори Ғазза ба рамзи харобӣ ва бадбахтӣ табдил шуда ва зиндагӣ дар онҷо даҳшатнок шуда аст. Аҳолии махаллӣ набояд дар он ҷо бимонанд ва онро дигарбора обод кунанд, аз ин рӯ, бояд ба кишварҳое, ки бо дили пок мехоҳанд онҳоро қабул кунанд, бираванд ва дар хонаҳои зебо, дар амну осоиштагӣ зиндагӣ кунанд”.

Трамп идао кард, ки маблағи тарҳи пешниҳодияшро метавонад кишварҳои сарватманди минтақа бидиҳанд. Ӯ ишора кард, ки мардуми Фаластинро на танҳо ба Миср ва Урдун мешавад фиристод, балки ба кишварҳои дигар ҳам фиристода мешаванд, вале аз он кишварҳо ном набурд.

“Мо ҳама чизро, ҳама хонаҳои харобшударо ба хок яксон мекунем. Мо иқтисодеро месозем, ки мардумро бо ҷои кор ва хонаҳо таъмин кунад, танҳо дар сурате, ки фаластиниҳо барнагарданд. “Шумо ба он ҷо баргашта наметавонед. Дар акси ҳол, ҳама чиз боз такрор мешавад”, – мегӯяд президенти Амрико.

Ба иддаои Трамп, ҳадаф аз ин тарҳ таъмини субот ва бунёди як ҷомеаи зебо дар Ғазза аст. Ба гуфтаи ӯ, дар Ғазза на танҳо фаластиниҳо, балки “одамони тамоми ҷаҳон” зиндагӣ хоханд кард. Чун Ғазза “метавонад ба Ривера (соҳили баҳрӣ байни Фаронса ва Итолиё)-и Шарқи Наздик” табдил ёбад. 

Аммо ин иддаоҳои Трамп ҳам дар байни ҷомеаи арабӣ ва ҳам дар байни ҷомеаи байналмилалӣ ба вокунишҳои зиёд рбуарӯ шуд. Аз ҷумла, Урдун ва Миср, ки Трамп гуфт, фалистиноҳоро ба ин кишварҳо мефиристад, кӯчонидани фаластиниҳо ва идораи Ғазза аз сӯи Амрикоро ба шиддат рад карданд.

Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ низ ба ин гуфтаҳои расиҷумуҳури Амрико вокуниш нишон дод ва гуфт, ки мавзеъгирии мо дар баробари қазияи Фаластин қотеъона аст ва мо танҳо ҳалли ду давлат, Фаластин ва Исроилро қабул дорем на кӯчонидани фаластиниҳоро. 

Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид бори дигар тарҳи Трампро ба шиддат интиқод ва рад кард ва гуфт, “ҳар гуна кӯчонидани иҷбории мардум аз Ғазза ба поккории қавмӣ баробар аст.” СММ низ роҳҳалро дар ташкили ду давлат мебинад. 

Дар ҳамин ҳол Фаронса, Олмон ва Бритониё низ ба ин изҳороти Трамп вокуниш карда, тарҳи кӯчонидани фаластиниҳоро кори ношуданӣ ва нодуруст шумориданд. 

Вазири корҳои хориҷии Олмон Анналена Баербок таъкид кард, ки сулҳ дар Ховари Миёна бо роҳи гуфтушунид дар асоси принсипи ду давлат таъмин хоҳад шуд.

Баербок гуфт, Ғазза мисли соҳили Ғарбӣ ва Байтулмуқаддаси Шарқӣ қаламрави Фаластин аст ва ҳушдор дод, ки ихроҷи иҷбории ғайринизомиён қавонини байналмилалии башардӯстонаро нақз мекунад ва нафрати бештарро дар минтақа паҳн хоҳад кард.

Ҳамзамон вазири олмонӣ таъкид кард, ки Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва Гурӯҳи давлатҳои ҳафтгона пайваста мухолифи сохтмони шаҳракҳои Исроил (дар заминҳои Фаластин)  мебошанд.

Ин изҳороти Трамп ҳатто дар дохили Амрико баҳсбарангез шуд ва чанде аз сенаторҳо дар Конгрес ин тарҳро зери интиқоди шадид қарор доданд.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Узрхоҳии фармондеҳи Толибон аз Тоҷикистон

Фармондеҳи низомии Толибон Амнуддини Мансур, ки чанд рӯз пеш дар наворе дар бораи ҳуҷум ба Тоҷикистон мегуфт, аз ҳукумати Тоҷикистон узрхоҳӣ кард.

Аврупо дар Тоҷикистон 3 млн евро маблағгузорӣ мекунад

Намояндагии Иттиҳидои Аврупо дар Тоҷикистон як паноҳгоҳ ва чанд иншоот барои истифода дар ҳолатҳои фавқулода месозад.

Имзои созишномаи марзӣ, кушодашавии гузаргоҳҳо ва азсаргирии парвозҳо

Роҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии ду кишварро имзо карданд.

Боздошти беш аз 20 зодаи Язгулом дар Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон беш аз 20 сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.