28.9 C
Dushanbe

Расман баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон поён ёфт

Баҳсҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба таври расмӣ поён ёфта, созишномаи ниҳоӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев рӯзи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии қитъаҳои муайяншудаи марзи муштаракро имзо карданд.

Гуфта мешавад, ин созишнома ба президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов барои имзои ниҳоӣ пешкаш мешавад. Пас аз имзои президентҳо созишномаи таъйини марзҳои муштарак байни ду кишвари ҳамсоя ҳукми қонунӣ мегирад.

Бино ба иттилои мақомоти ду кишвар, раисони Кумтаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти худ дар шаҳри Бишкек се санади муҳимро имзо карданд. Ин санадҳо иборатанд аз:

  • Созишномаи миёни ду кишвар дар бораи марзи давлатӣ;
  • Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ ва энергетикӣ;
  • Cозишнома дар бораи сохтан ва истифодаи роҳҳои байнидавлатӣ ва инчунин ҷойгиршавӣ ва тарзи истифода аз чорроҳаҳо.

Бархе аз сиёсатмадорони ду кишвар, имзои созишномаи марзӣ байни ду кишварро дастоварди муҳими торихӣ ва рӯзи фаромӯшнашавандаи барои миллатҳои тоҷику қирӯиз арзёбӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо хабар медиҳанд, ки сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Қоҳир Расулзода ва Одилбек Қосималиев рӯзи душанбе дар тамоси телефоние дар робита ба созишномаи имзошуда гуфтугӯ карда, дигар паҳлуи онро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп аз эҳтимоли тавофуқи ниҳоӣ байни Эрон ва Амрико хабаро дод

Ба гузориши расонаҳо, Амрико ва Эрон барои расидан ба як тавофуқи ниҳоӣ ва поён додани ҷанг наздик шудаанд. Ҳоло Амрико ба Эрон 48 соат муҳлат дода, то ба пешниҳодоти ӯ посух диҳад.

Боздошти ду нафар бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи узви собиқи ҲНИТ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи узви собиқи ҲНИТ домулло Абдуманнон ду сокини Исфараро боздошт кардааст.

Боздошти гумонбар бо иттиҳоми таҷовуз ва куштори ноболиғ

Бо гумони таҷовуз ва қатли як кӯдаки нобилиғ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон марди 35-солае зодаи ҳамин ноҳия боздошт шудааст.

Ҷаласаи Шӯрои амният пас аз марги сарбозон дар Тоҷикистон

4-уми майи соли ҷорӣ, таҳти раёсати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои амният баргузор гардид.