Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон (КҲФ) аз афзоиши хатари тармафароӣ дар манотиқи кӯҳистонии кишвар ҳушдор медиҳад.
Тавре ин ниҳод хабар дод, шаби гузашта дар роҳи Душанбе-Чаноқ 10 тарма фаромада роҳҳо муввақан баста шуданд. Ширкати IRS (Innovative Road Solutions), ки масъули нагаҳдори роҳҳои пулакии кишвар аст, имрӯз хабар дод, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои тармаҳои хурду калон, ки имшаб рух доданд, идома дорад. Масъулини ин ширкат мегӯянд, дар баъзе ҷойҳо баландии барф ба 80 сантиметр расидааст.
КҲФ дар такя ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар дода, ки рӯзҳои 27-28-уми феврал низ боришоти сахт дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма зиёд мешавад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми сафар аз эҳтиёт кор бигиранд ва ба сафарҳои дуру дароз ба манотиқи кӯҳистонӣ набароянд.
Мақомот ба ронандагон тавсия медиҳанд, ки дар ин шабу рӯз дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд ва инчунин дӯстдорони сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ аз сафар ба минтақаҳое, ки эҳтимоли фаромадани тарма зиёд аст, худдорӣ кунанд.
Ҳамасола дар ин бузургроҳи Тоҷикистон, ки шимоли кишварро ба пойтахт мепайвандад, фаромадани тарма ва ҳатто марги мусофирон гузориш мешавад. Бархе корбарони тоҷик мегӯянд, ширкати IRS, ки масъули нигаоҳдории ин роҳ аст ва наздики 15 сол мешавад аз ҳар мошин пул меситонад, бояд шароитеро фароҳам кунад, ки ин мушкилот пеш наояд ва роҳ ҳамеша боз бошаду мусофиронро чунин хатарҳо таҳдид накунад.