14.9 C
Dushanbe

Дар масъалаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон кӣ бохту кӣ бурд?

Мақомоти Қирғизистон ҷузъиёти раванди музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистонро ошкор карданд.

Дар ҷаласаи муштараки кумитаҳои Жогорку Кенеш (порлумони Қирғизистон) раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҷузъиёти пурраеро аз тавофуқоти ҳосилшуда дар мавриди марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ба таври оммавӣ ироа кард.

Ҷаласа имрӯз, 27-уми феврал баргузор шуд ва дар он Тошиев аз бардошта шудани “муҳри махфӣ” ё ибораи “барои истифодаи хидматӣ” аз созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон хабар дод.

Зимни суханронияш раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон розӣ шуд, ки қитъаҳои марзии худ бо Қирғизистонро бо такя ба созишномаҳои соли 1991 муайян кунад, на ба маводи солҳои 1924-1927, ки қаблан истифода мешуданд.

Ба гуфтаи ӯ, дарозии умумии марзи Қирғизистону Тоҷикистон 1006,84 километрро ташкил медиҳад ва раванди муайн ва аломатгузории он аз соли 2002 оғоз шуда буд. Аммо то соли 2011 ҳамагӣ 519,9 километри он муайян карда шуд ва пас аз гузашти ҷониби Тоҷикистон 486,94 километр танҳо дар се соли охир муайян шудааст.

Дар пайи гуфтушунидҳои ин се соли ахир ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки қитъаҳоеро аз заминҳои дар ихтиёр доштаашон мубодила кунанд. Қирғизистон аз ноҳияи Лайлак 190 гектар, аз ҷумла 155 гектар қитъаи Қайроғоч ва 35 гектар заминеро, ки қаблан ба анклави ҳамин қитъа шомил буд, аз Тоҷикистон гирифта, анклави Қайроғоч барҳам дода шуд ва ҳоло сарҳад аз канали Селкан мегузарад. Бар ивази ин Тоҷикистон низ 190 гектар заминро дар ноҳияхои гуногун, аз ҷумла дар Саада, Раззоқов, Селкан, Майти, Пролетарск, Улақ-Ҷай, Ак-Арик ва Қара-Бақро ба даст овардааст.

“Мо 190 гектар гирифтем, 190 гектар додем… Агар пурсед, ки 12,5 гектар замини Пролетарск чист? Дар замони Шӯравӣ дар маркази Пролетарск ташкилоти “Сельхозхимия” ё “Сельхозтехника” вуҷуд дошт, ки аз 12,5 гектар замин иборат буд. Ин заминро фурӯхта буданд, мо онро баргардондем. Агар хомӯш мемондем, касе пай намебурд, аммо мо ин заминҳоро баргардондем. Ҳамчунин дар поёни Ак-Арик 7 гектар замине буд, ки қирғизҳо ҳеҷ гоҳ онро истифода намекарданд, балки тоҷикон истифода мебурданд. Аммо мо ин заминҳоро ба номи худ ҳисоб кардем.” – гуфт Тошиев дар шаҳри мубодилаи қитъаҳои замин.

Ғайр аз ин, ҷониби Қиргизистон деҳаи Дӯстуқ, ки 91 гектарро ташкил медиҳад ва ба гуфтаи Тошиев, “ягон фоидаи стратегӣ ё иқтисодӣ надошт” бо як қатор заминҳои дигари Мазеит, Кок-Терек, Тош-Тумшук ва Дачро, ки дар умум 141,9 ба ихтиёри Точикистон додаанд.

Тоҷикистон бар ивази ин ба Қирғизистон 142,7 гектар замин, аз ҷумла қитъаҳои замин аз Сомониён, Даҳму, Хоҷаи-Аъло, Говсувор, Минбулок ва Лакконро дода, илова бар ҳамаи ин, ба унвони ҷуброни хонаҳои нав дар деҳаи Дӯстук, ҷониби Қирғизистон аз мавзеи Лаккон 30 гектар замини дигар гирифтааст. Яъне, ҷониби Тоҷикистон бар ивази дарёфти 141,9 гектар беш аз 172 гектарро ба Қирғизистон додааст.

Инчунин Тошиев зимни суханрониаш гуфт, ки “Бо сабаби он ки марзи давлатӣ аз соли 1992 аз байни шоҳроҳи Хуҷанд—Арка—Конибодом мегузарад, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки пурра шоҳроҳ ва 3 гектар замини бозори “Дӯстуқ” ба онҳо супорида шавад, ки масоҳат умумии он 12 гектарро ташкил медиҳад. Бар ивази ин, Қирғизистон 25 гектар замини кишоварзӣ дар минтақаи Лакконро гирифт, ки ду баробар бештар аз замини супоришударо ташкил медиҳад.”

Як нуқтаи муҳими дигар ин созишнома дар бораи чорроҳаи муҳими стратегии Торт-Коча буд, ки борҳо сабаби низоъ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон шудааст. Ҳоло ин роҳ мақоми бетараф гирифтааст ва барои ҳарду ҷониб боз хоҳад буд. Аммо пул дар ин роҳ, ки аҳамияти стратегӣ дорад ва сокинони вилоятҳои Бодканд ва Лайлак аз он мегузарад, дар ихтиёри Қирғизистон аст.

Тошиев мегӯяд, ки бо сабаби ихтилофот дар масъалаи истифодаи пул гуфтушунид шаш моҳ давом кард ва бе додани ҷузъиёт ба хиёнати мансабдорони собиқи Қирғизистон дар ин маврид ишора кард.

Дар мавриди роҳҳо аз тавофуқоти дигар ин аст, ки Тоҷикистон роҳи автомобилгарди Дача — Капчиғай — Хоҷаи Аъло — Ворухро (дарозиаш 3425 метр ва бараш 40 метр аст) сохта, истифода хоҳад кард ва ҷониби Қирғизистон шоҳроҳи Мин-Орук – Самарқандак – Ориёна – Шӯристонро (дарозиаш 3241 метр ва паҳнои 40 метр) сохта, роҳи Кулунду-Мақсатро (ноҳияи Лайлак) озодона истифода хоҳад.

Яке аз бурдҳои дигари ҷониби Қирғизистон ин аст, ки тақсими баробари 50/50 обанбори “Головной”-ро, ки ҳанӯз соли 1989 пешниҳод шуда буд, рад карда, пас аз музокироти тӯлонӣ бо Тоҷикистон ба созиш расиданд, ки Қирғизистон бар ивази қисман назорати ин иншоотро ба Тоҷикистон додан, 750 гектар заминро аз Тоҷикистон мегирад.

Ба тавовуқ расидани ҷонибҳо дар ин маврид дар ҳолест, ки 11-уми феврали соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки тарафҳо ҳанӯз дар масъалаи роҳҳо ва иншооти обрасонӣ ба натиҷа нарасидаанд, аммо дертар Ятимов ва Тошиев дар Қирғизистон се санадеро имзо карданд, ки аз ҷузъиёташон чизе гуфта нашуда буд.

Инчунин дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон Тошиев дар мавриди Ворух гуфт. Ӯ ишора кард, ки музокираҳо ва дидорҳо ба “сахтӣ” баргузор мешуданд ва ҷониби Қирғизистон розӣ шудааст, ки аз 19 ҳазор гектаре, ки шаҳрвандони Тоҷикистон истифода мекарданд, 14,5 ҳазор гектарашро ба ихтиёри Тоҷикистон вогузорад.

“Ғайр аз ин, бо дархости Тоҷикистон ба онҳо ҳазор гектар чарогоҳи атрофи анклави Ворух дода шуд. Ба ҷойи ин, мо ҳазор гектар чарогоҳ дар минтақаи Караган-Сай, ноҳияи Чон-Алай гирифтаем. Ҷониби Тоҷикистон мегуфт, ки дар Ворух одамони зиёде зиндагӣ мекунанд. Чун марз дақиқ шудааст, онҳо дигар наметавонанд аз заминҳои инҷо, истифода баранд. Ба ҳамин хотир барои парвариши чорво 5 ҳазор гектар замин мехостанд, аммо мо розӣ нашудем.” – гуфт Тошиев.

Инчунин раиси КДАМ-и кишвари ҳамсоя бе овардани номи иншооти мушаххас дар назди вакилони қирғиз гуфт, ки дар доираи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, барои истифодаи бемамониати иншооти кишоварзӣ ва энергетикӣ, ки дар ҳудуди яке аз кишварҳо бо иштироки ҷониби дигар сохта шудаанд, шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар ҳоле Тошиев ҷузъиёти пурраи созишнома дар мавриди марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ошкор кард, ки мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Саймумин Ятимов, раиси КДАМ мисли пештара сукутро ихтиёр намуда, дар бораи тавофуқоти ҳосилшуда шарҳи расмӣ намедиҳад.

Бояд гуфт, ки тавофуқоти ҳосилшудаи миёни Тоҷикистону Қирғизистон бояд аз ҷониби порлумонҳои ҳарду кишвар баррасӣ шавад ва баъд аз он президентҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон онро имзо хоҳанд кард ва пас аз тасвиби порлумонҳои ду кишвар ин созишнома ҳукми қонунӣ пайдо мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаи Украина ба Маскав пеш аз оғози музокироти Ҷидда

Субҳи рӯзи 11-уми март артиши Украина ба шаҳри Маскав ҳамлаи густурдаи паҳподӣ анҷом дод, ки гуфта мешавад, ин ҳамлаи ҷавобӣ ба ҳуҷумҳои ахири Русия буд.

Музокироти Украина ва Амрико дар Арабистони Саудӣ

Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ музокироти ҳайатҳои Украина ва ИМА оғоз ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми март бо як сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Қирғизистон меравад.

Таҳқиқи боз як хонаводаи тоҷик дар Русия барои гирифтани манзил

Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқоти наверо дар мавриди соҳиби манзил шудани як хонаводаи ниёзманди тоҷик дар Ҷумҳурии Тотористон оғоз кардааст.