Аз гуфтушунидҳои сатҳи баланди Амрикову Чин чӣ ҳосил мешавад?

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп рӯзи 13-уми май бо як ҳайати бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Чин сафар кард. Ин сафар дар ҳоле анҷом мешавад, ки танишҳо миёни Амрико ва Эрон дар рӯзҳои ахир бештар шудаанд ва бозорҳои ҷаҳонӣ аз эҳтимоли густариши даргириҳо нигаронанд.

Дар ҳайати амрикоӣ мақомҳои баландпояе чун Марко Рубио, Пит Ҳегсет, Скотт Бессент ва намояндаи тиҷоратии Амрико Ҷеймисон Грир ҳузур доранд. Ба ҳайат инчунин раҳбарони ширкатҳои бузурги технологии ҷаҳон ҳамроҳ шудаанд, аз ҷумла Илон Маск, Ҷенсен Хуанг, Тим Кук ва чанд чеҳраи дигари молиявию саноатӣ.

Трамп имрӯз дар Пекин бо Си Ҷинпин ва дигар мақомҳои баландпояи чинӣ мулоқот кард. Ба гуфтаи мақомоти Чин, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, иқтисоди ҷаҳонӣ ва амнияти байналмилалиро баррасӣ мекунанд.

Расонаҳо мегӯянд, музокироти ду кишвар бештар ба се мавзуи асосӣ тамаркуз дорад: ҷанги эҳтимолии густардатар дар Ховари Миёна ва нақши Эрон, танишҳои тиҷоратии Вашингтону Пекин ва рақобати рӯзафзун дар бахши ҳуши маснуӣ ва технология.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Вашингтон мехоҳад бо ҷалби Чин ба музокироти фаъолтар, аз нуфузи иқтисодии Пекин барои коҳиши танишҳо бо Эрон истифода кунад, то бозорҳои ҷаҳонӣ ва масири интиқоли энержӣ, бахусус тангаи Ҳурмуз, ба буҳрони бузургтар кашида нашавад.

Дар айни замон, ИМА талош дорад рақобати сиёсиву амниятӣ бо Чин ба ҳамкориҳои иқтисодӣ осеби ҷиддӣ нарасонад. Баъзе гузоришҳо ҳатто аз эҳтимоли таъсиси сохторҳои муштараки назорат бар баҳсҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар хабар медиҳанд.

Технология ва бахши нимноқилҳо ҳамчунон яке аз мавзуъҳои баҳсталаб боқӣ мемонанд. Бо вуҷуди маҳдудиятҳои Вашингтон барои фурӯши чипҳои пешрафта ба Чин, маъмурияти Трамп дар баъзе мавридҳо ба ширкатҳое мисли Nvidia иҷозаи фурӯши қисме аз маҳсулоташонро додааст.

Бо вуҷуди фазои гарми дипломатӣ дар Пекин, ҳанӯз маълум нест, ки ин музокирот ба тавофуқҳои муҳим ё коҳиши воқеии танишҳо миёни ду қудрати бузурги ҷаҳон хоҳад анҷомид ё на.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Поёни анъанаи сисолаи муҳоҷират

Сӣ сол аст тамоми системаҳои иқтисоди Тоҷикистон — аз буҷаи хонавода то иқтисоди миллӣ — дар асоси як фарзия сохта шудаанд: Муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия биравад.

Баҳсбарангезтарин Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз шуд

Рӯзи 11-уми июн Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки пеш аз оғозаш баъзе тимҳои миллӣ, доварон ва варзишгарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд расман оғоз гардид.

Боздошти як навраси муҳоҷир дар Русия бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони дигарон

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷии 16-сола бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони ду нафар дар вилояти Маскав хабар доданд.

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.