12.9 C
Dushanbe

Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар мешавад?

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар Маскав масъалаи муҳоҷирати кориро баррасӣ кардаанд.

Ин гуфтаҳо 17-уми марти соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотие, ки пас аз гуфтугӯи як ба як ва паси дарҳои бастаи раҳбарони ду кишвар баргузор гардид, садо доданд.

Эмомалӣ Раҳмон бе додани тафсилот иддао кард, ки бо Путин ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатиро “муфассал” баррасӣ кардааст.

Путим ҳам дар ин нишаст аз саҳми намоёни муҳоҷирони тоҷик дар рушди иқтисоди Русия ва пулҳои фиристодаи онҳо ба Ватан, ки дастгирии ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои хонаводаҳояшон аст, гуфт.

Тибқи оморҳои додаи ӯ, дар Русия ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва ҳамлу нақл кор мекунанд.

Раҳбарони Русияву Тоҷикистон дар ҳоле масъалаи муҳоҷиратро баррасӣ кардаанд, ки дар Русия назорат болои муҳоҷирон ва ихроҷи онҳо баъд аз ҳодисаи хунин “Крокус Сити Холл”, ки гумонбарони он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, шиддат гирифт. Пас аз ин ҳодиса чораҳои назоратӣ сахттар шуда, маҳдудиятҳои нав дар бораи фаъолияти кории муҳоҷирон дар аксар минтақаҳои Русия ҷорӣ карда шуданд.

Тибқи оморҳои расмӣ, танҳо дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 90 ҳазор муҳоҷир аз хоки Русия ихроҷ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2023 аз Русия 44,2 ҳазор ва дар соли 2022 26,6 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуда буд.

Мақомоти Русия нагуфтаанд, ки аз ин шумора чанд нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд, аммо Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар 14-уми феврали соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли 2024 аз Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудааст ва танҳо аз фурудгоҳҳои Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Маълум нест пас аз мулоқоти Путину Раҳмон вазъи бади муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар хоҳад шуд ё на ва ё мисли солҳои қаблӣ ин гуфтугӯҳо бетаъсир буда, назорату ихроҷи зодагони Тоҷикистон бештар хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 15-17-уми март бо сафари расмӣ дар Русия қарор дошт ва бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар, ҳамчунин мавзуҳои минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯ намуда, чанд санади ҳамкориро ҳам ба имзо расондаанд.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз гуфтугӯ бо Путин аз натиҷаҳои он изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, Путин аз рушди равобити ду кишвар ва расидани сармоягузории кишвараш ба Тоҷикистон, ки 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад, гуфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баргузории аввалин нишасти вакилони нави парлумони Тоҷикистон

Рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ аввалин нишасти вакилони нави...

Ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Лаҳистон

Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ карданд.

Тошиев: Агар Қирғизистон мехост барои гирифтани Мурғоб қувваи кофӣ дошт

Рӯзи 19-уми марти соли ҷорӣ, Жогорку Кенеш (парлумони Қирғистон) ҳам созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ба тасвиб расонид.

Одамкушӣ бар асари истеъмоли маводи мухадир

Пулиси шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар дод, ки бар асари истеъмоли маводи мухаддир як занро куштааст.