Маҳдудияти нав дар истифодаи нерӯи барқ

Мақомоти Тоҷикистон барои сокинон дар истифодаи нерӯи барқ маҳдудияти наверо ҷорӣ кардааст.

Тибқи қарори Ҳукумат, ки соли пеш қабул шудааст, аммо имрӯзҳо расонаӣ шуд, муштариёне, ки зиёда аз 10 ҳазор киловат соат дар як моҳ барқ истифода мебаранд, бо нархи корхонаҳои тиҷоратӣ ҳисоб карда мешавад.

Гуфта мешавад, то имрӯз мақомот 250 нафареро номнавис кардааст, ки дар як моҳ беш аз даҳ ҳазор киловат соат нерӯи барқ истифода мебаранд.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” иддао карда, ки барои як оила се-чор ҳазор киловат соат дар як моҳ басанда буда, 10 ҳазор киловат соат ин нишондиҳандаи он аст, ки ягон истифодабарии дигаре ҳаст ва бо маҳдудияти нав аз истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ пешгирӣ карда мешавад.

Хабари маҳдудияти нав дар истифодаи нерӯи барқ дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз “истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он” изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки барои истифодаи “ғайриқонунӣ” ва “напардохтани пули барқ” ҷавобгарии ҷиноӣ таъйин карда шавад, аммо маълум нест ҷазо дар кадом шакл хоҳад буд.

Инчунин тибқи қарори нави Ҳукумати кишвар, аз якуми апрели соли 2025 арзиши нерӯи барқ низ боло рафт. Сокинон барои ҳар киловат соат барқ ба ҷойи 30,37 дирам 35,36 дирам, корхонаҳои коркарди нахи пахта 40,45 дирам, литсей ва гимназияҳои хусусӣ 60,70 дирам ва корхонаҳои истеҳсолӣ 80,90 дирам пардохт хоҳанд кард.

Бояд гуфт, сокинони кишвар аз камбуди барқ ранҷ мекашанд ва маълум нест, ки раисҷумҳур ва масъулин дар баробари ин маҳдудиятҳо барои бартараф намудани ин мушкилот чӣ иқдоме гирифтаанд.

Ҳамзамон онҳое, ки пули барқро пардохт намекунанд, бештар корхонаҳои давлатӣ ва корхонаву шахсонеанд, ки ба хешовандони мансабдорони баландпоя тааллуқ доранд, ки ҳар киловат нерӯи барқ аксари ин корхонаҳо аз сокинон арзонтар хариддорӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисобӣ кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.

Ихроҷи чанд донишҷӯ барои иштирок накардан дар “маршировка”

Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.