11.9 C
Dushanbe

Ҳукумат мубаллиғи худро зиндонӣ кард

Додгоҳи шаҳри Бохтар Идибеки Мардон, маъруф ба “Идибеки Бохтарӣ”-ро, ки яке аз мубаллиғони ашаддии Ҳукумат дониста мешуд, ба як соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳукмро додрас ҳафтаи гузашта содир карда, он то ҳол қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Мақомот ӯро дар “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият” гунаҳкор кардаанд.

То ҳол назари худи ӯ ва пайвандону вакили дифоаш дар ин бора дастрас нест ва маълум нест аз болои ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд ё на.

Чанд моҳи пеш Идибеки Мардон аз мақомдорони Тоҷикистон шикоят карда, бо оби дида Тоҷикистонро тарк намуда буд. Дертар ӯ бо нашри наворе аз раиси шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) Абдулмаҷид Муминзода гила карда, иддао дошт, ки маҳз ӯ ба тарки Ватан маҷбураш сохтааст.

Ӯ дар ин навораш шаҳрдори Бохторро дашномҳои қабеҳ карда, гуфт, ки “ӯ фармон додааст, ки миёни Бохтариро шикананд.” Акнун маҷбур аст кишварро тарк кунад. Бохтарӣ низ ишора карда буд, ки 80-90% ҷавонон аз дасти чунин мансабдорон кишварро тарк мекунанд ва ба гурӯҳҳои мухолифин мепайванданд.

Қарори ҳабси “Идибеки Бохтарӣ” маҳз пас аз нашри ин навор дар моҳи сентябри соли 2024 ғоибона содир шуда буд.

Идибек, ки баъди он навор тарки Тоҷикистон карда буд, маълум нест, ки худаш моҳи феврали соли ҷорӣ ба кишвар баргаштааст ё ӯро истирдод кардаанд, аммо дар Додгоҳи Бохтар иддао карда буданд, ки ӯ “баъди бозгашт ба Тоҷикистон дастгир шуд.”

Ин блогер пештар бо гузоштани риши дароз ва наворҳои интиқодӣ алайҳи мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шуҳрат пайдо карда буд. Аммо яку якбора худи ӯ бо мақомдорон дар Бохтар дарафтод ва иддао кард, ки маълумоти зиёде дар бораи фасодкорӣ ва ҷинояту амалҳои ғайриқонунии раиси шаҳри Бохтар ва дигар мақомдоронро дар даст дорад ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро нашр хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафари навбатии Рустами Эмомалӣ ба Русия

Имрӯз Рустами Эмомалӣ, раиси парлумон ва писари раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон ба Русия сафар кард.

Боздошти “Усмони блогер” дар Тоҷикистон

Пулиси Душанбе 17-уми апрели соли ҷорӣ аз боздошти Усмон Мирзомуродов, маъруф ба "Усмони блогер" хабар дод.

Мусодираи амволи чеҳраҳои амъруф баъд аз зиндонӣ кардани онҳо

Мақомоти Тоҷикистон молу дороии чеҳраҳои маъруфро, ки ба гуноҳи "кӯшиши табаддулот" маҳкум шудаанд, мусодира мекунад.

Боз заминларза Тоҷикистонро такон дод

Пасзилзилаҳои водии Рашт то Душанбе ҳанӯз идома дорад. Дирӯз 16-уми апрел, дар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии кишвар заминларза сабт шуд.