22.9 C
Dushanbe

Фаронса давлати Фаластинро эътироф мекунад

Қарор аст дар моҳи июни соли ҷорӣ кишвари Фаронса давлати Фаластинро ба расмият шиносад.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон эълом кард, ки кишвараш омодааст дар моҳи июни соли 2025 давлати Фаластинро ҳамчун давлати мустақил ба расмият шиносад. Эҳтимол меравад, ин тасмим дар чорчӯби як конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк бо раёсатии муштараки Фаронса ва Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, амалӣ гардад.

Макрон рӯзи чоршанбе аз ин тасмими кишвараш дар мусоҳибае бо шабакаи “Франс 5” хабар дод. Ӯ дар ин мусоҳиба гуфт: “Замони он расида, ки мо бояд давлати Фаластинро эътироф кунем ва ин корро дар моҳҳои наздик анҷом хоҳем дод. Ҳадафи мо он аст, ки дар конфронси моҳи июн якҷо бо чанд кишварҳои дигар қадаме барои эътирофи давлати Фаластин гузорем.”

Раисиҷумҳури Фаронса афзуд, ки барои ташкили чунин иқдоме як ҳаракати муштарак ва васеъ зарур аст. Ӯ гуфт, ин иқдом шароитро пеш меорад, ки ҷонибдорони Фаластин ба таври мутақобил ҳаққи мавҷудияти давлати Исроилро ҳам эътироф намоянд.

Дар вокуниш ба ин изҳороти Макрон, вазири корҳои хориҷии Исроил Гидеон Саар ин иқдомро “мукофот ба терроризм” номида, дар шабакаи “X” (собиқ Twitter) навишт: “Эътирофи якҷонибаи давлати Фаластин дар шароити кунунӣ танҳо боиси тақвияти ҲАМОС ва дуршавии сулҳу субот аз минтақа мешавад”.

Дар ҳамин ҳол вазири корҳои хориҷии давлати Фаластин Форсин Ағабкиян Шоҳин аз тасмими Фаронса истиқбол кард ва онро “қадами дуруст” номид. Ӯ гуфт, ки эътирофи давлатҳо ба сулҳи пойдор дар минтақа ва ҳифзи ҳуқуқи миллати Фаластин мусоидат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, то кунун наздики 150 кишвари ҷаҳон давлати Фаластинро эътироф кардаанд. Танҳо дар соли 2024 кишварҳои Ирландия, Норвегия, Испания ва Словения ба ин рӯйхат пайвастанд.

Бархе коршиносон бар ин назаранд, ки ягона роҳи ҳалли низоъҳо байни Исроил ва Фаластин эътирофи ҷаҳонии Фаластин ҳамчун кишвари мустақил аст. Ба назари онҳо, давлати Фаронса дар Аврупо аз кишварҳои пурқудрат ва таъсиргузор аст, агар ин кишвар давлати Фаластинро ба расмият шиносад, эҳтимол дигар кишварҳое, ки то ҳол эътироф накардаанд, инро бипазиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар...

Куштору кӯдакон дар Ғазза ва иҷбори сокинон барои кӯч бастан

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар рӯзи душанбе дар Ғазза 5 бинои маскунии баландошёнаро бомборон намуда, ба пуррагӣ хароб кард.

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.