8.9 C
Dushanbe

Мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Эрон

Бо сафарҳои расмӣ Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон ба Ҷумҳурии исломии Эрон рафту Алӣ Наҷафии Хушрудӣ, муовини аввали раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон омад.

Гуфта мешавад, сафари Собирзода ба Эрон рӯзи 14-уми апрел аз шаҳри Шероз ва мулоқот бо Ҳусейналӣ Амирӣ, раиси вилояти Форс оғоз шуд.

Бино ба навиштаи расонаҳои эронӣ, Амирӣ дар мулоқот бо ин мақомдори тоҷик бар мушобеҳоти зиёди фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон таъкид карда, бахшҳои ҳамкориҳои ду кишварро густурда хондааст.

Дар идомаи сафараш вазири дифои Тоҷикистон бо Абдураҳим Мусавӣ, фармондеҳи кулли артиш ва Азиз Носирзода, вазири дифои Ҷумҳурии исломии Эрон мулоқотҳои алоҳида намуда, ҷонибҳо бештар масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои дифоъ, амнит, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа ва ҷиноятҳои созмонёфтаро баррасӣ кардаанд.

Инчунин Собирзода бо Алиакбар Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфтугӯ намуда, Аҳмадиён аз равобити гарм ва бародаронаи ду кишвари ҳамзабон ва дорои собиқаи муштараки тамаддунӣ ва фарҳангӣ, сатҳи баланди равобити сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, дифоӣ, илмӣ ва фанноварӣ ва амниятии ду кишвар гуфтааст.

Бояд гуфтаи Эмомалӣ Собирзода, ки 3 моҳи пеш ба ҷойи Шералӣ Мирзо вазири дифои кишвар таъйин шуда буд, бори аввал аст, ки ба ҳайси вазир ба Эрон сафари расмӣ анҷом медиҳад. Ва то ҳол расонаҳои ҳукуматӣ сафари ӯро пушиш надода, аз ҷузъиёти мушаххаси гуфтугӯҳояш бо мақомдорони Эрон чизе нанавиштаанд.

Дар пасманзари сафари ин мақомдори тоҷик ба Эрон, рӯзи 15-уми апрел як ҳайат таҳти роҳбарии муовини аввали раисҷумҳури Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо сафари кории се рӯза ба Тоҷикистон омаданд.

Дар доираи ин сафар Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо Сарвазир ва муовини якуми Сарвазир, вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав мулоқот намуда масъалаҳои густариши ҳамкории Эрону Тоҷикистон дар соҳаҳои мазкурро баррасӣ хоҳанд кард.

Сафари намояндагони Тоҷикистону Эрон ба кишварҳои якдигар дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти Тоҷикистону Эрон дар ин чанд соли ахир равобити печидае доштанд. Тира шудани муносибатҳои дипломатии ду кишвар аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ ва Қарзи “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-2”шуруъ шуда, бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 тиратар гашта буд.

Аммо соли 2019 пас аз сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ дар Эрон муносибатҳои ин ду кишвар нармтар шуд ва дар замони расиҷумҳурии Раисӣ миёни Тоҷикистону Эрон низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ҷорӣ шуд.

Инчунин дар моҳи январи соли равон сафари расмии Масъуд Пизишкиён раисҷумҳури нави Эрон ба Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он сафар 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид ва дар ҷараёни он Форуми тиҷоратии кишварҳо дар Душанбе баргузор шуд ва маблағи зиёда аз 450 млн доллар санадҳои ҳамкорӣ имзо гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафари навбатии Рустами Эмомалӣ ба Русия

Имрӯз Рустами Эмомалӣ, раиси парлумон ва писари раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон ба Русия сафар кард.

Боздошти “Усмони блогер” дар Тоҷикистон

Пулиси Душанбе 17-уми апрели соли ҷорӣ аз боздошти Усмон Мирзомуродов, маъруф ба "Усмони блогер" хабар дод.

Мусодираи амволи чеҳраҳои амъруф баъд аз зиндонӣ кардани онҳо

Мақомоти Тоҷикистон молу дороии чеҳраҳои маъруфро, ки ба гуноҳи "кӯшиши табаддулот" маҳкум шудаанд, мусодира мекунад.

Боз заминларза Тоҷикистонро такон дод

Пасзилзилаҳои водии Рашт то Душанбе ҳанӯз идома дорад. Дирӯз 16-уми апрел, дар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии кишвар заминларза сабт шуд.