16.9 C
Dushanbe

Баррасии муҳоҷирати корӣ байни Тоҷикистону Ҷопон

Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориҳои худ дар соҳаи муҳоҷирати кориро тақвият мебахшанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Солеҳа Холмаҳмадзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Душанбе хонум Кейко Фурута, дидору гуфтугӯ кард.  

Ба гузориши Вазорати меҳнат, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши муҳоҷирати корӣ ва омода кардани кадрҳои соҳибихтисос баррасӣ карданд.  

Холмаҳмадзода бо ишора ба аҳамияти ин ҳамкорӣ гуфт “Умедворем, ки ҳамкориҳо дар самти омода кардани мутахассисони соҳибихтисос барои кор дар Ҷопон имкониятҳои нави шуғл барои шаҳрвандони тоҷикро фароҳам меоваранд”.

Ҷонибҳо масъалаи татбиқи ёддошти ҳамкорӣ дар бораи механизми иттилоотӣ оиди ҷалби мутахассисони хориҷӣ дар доираи барномаи “Мутахассиси баландихтисос” барои фиристодан ба Ҷопонро низ гуфтугӯ карданд.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳамзамон масъалаи ташкили барномаҳои таълимӣ, боло бурдани сатҳи тахассуси нерӯи корӣ ва густариши ҳамкориҳо байни ду кишварро низ барасӣ каданд.

Гуфтушунидҳо байни Тоҷикистону Ҷопон дар мавриди муҳоҷирати корӣ дар ҳоле аст, ки давоми чанд соли охир муҳоҷирони кории тоҷик талош доранд роҳи муҳоҷирати кории худро аз Русия ба Аврупо, Амрико ва кишварҳои дигар, ба монанди Ҷопону Корея тағийр диҳанд

Ба назари коршиносон, поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, зиёд шудани фишор ва таъқиби онҳо аз сӯи пулиси ин кишвар ва қонунҳои сахтгиронаи муҳоҷират корӣ боиси он гаштааст, ки муҳҷирон тоҷик тарки Русия кунанд ва кишварҳои дигарро барои кор интихоб кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 12 нафар дар пайи ҳамлаи Русия ба пойтахти Украина

Шаби 24-уми апрели соли 2025 пойтахти Украина, шаҳри Киев ҳадафи ҳамлаи шадиди низомии Русия қарор гирифт.

Раҳмонов боз дар бораи ҷазо ва маҳдудиятҳо гуфт

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҷазо барои истифодаи "ғайриқонунии нерӯи барқ" ва "напардохтани пули он" гуфт.

Покистон дар камтар аз як моҳ 120 ҳазор афғонро ихроҷ кард

Дар камтар аз як моҳ давлати Покистон ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро ихроҷ кард.

Вазифаи навбатӣ ва шашуми Қодирови 17-сола

Одам Қодирови 17-сола, писари роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров...