Боз даҳҳо зодаи Афғонистонро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд

Мақомоти Тоҷикистон 47 паноҳҷӯйи дигари афғонистониро ба кишварашон, ки онҷо зимоми қудратро “Толибон” дар даст доранд, ихроҷ кардааст.

“Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон” 23-юми апрели соли ҷорӣ хабар дод, ки ин 47 шаҳрванди ихроҷшудаи Афғонистон соҳиби корти гурезагии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) буда, дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекарданд ва асосан ба таксиронӣ машғул буданд.

Бино ба иддаои манбаъ, мақомот гурӯҳе аз паноҳҷӯёнро ба идораи амнияти шаҳри Ваҳдат даъват карда, теъдоди дигарашонро дар маконҳои серодам боздошт ва ба Афғонистон бозгардондаанд.

Мисли ҳамеша Ҳукумати Тоҷикистон сабаби ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ надодааст.

Гуфта мешавад, баъд аз сари қудрат омадани Толибон афғонҳои зиёде ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, ки шуморашон он замон то 10 ҳазор гуфта мешуд, вале ҳоло теъдоди ками онҳо дар Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Мақомоти тоҷик дар гузашта иддао карда буданд, ки то 100 ҳазор паноҳҷӯи афғонро дар Тоҷикистон пазируфта метавонанд ва кумакҳои молиеро ҳам аз кишварҳои аврупоӣ ба даст оварда буданд, аммо вақте оилаҳои зиёде аз Афғонитсон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд, ба кишвар роҳ дода нашуданд ва ҳатто баъзеро баъд аз ворид шудан бозпас гардонад.

Сабаби қабул накардани онҳоро мақомот ба далелҳои иқтисодӣ ва амниятӣ рабт медиҳанд.

Инчунин ҳангоми паноҳ овардан шуморе аз муҳоҷирони афғон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз бархурди дурушти мақомоти тоҷик шикоят карда, гуфта буданд, ки онҳоро марзбонони тоҷик ба як минтақае бурда гузоштаанд, ки на оби ошомиданӣ доранд ва на ноне барои хӯрдан.

Ва гурӯҳе аз онҳо, ки вориди Тоҷикистон шуда, баъдан соҳиби корти гурезагии СММ гашта буданд, бо шумули кӯдакону пиронсолон аз дохили хона ва кӯчаҳои кишвар боздошт ва ба Афғонистон ихроҷ шудаанд, ки чанде аз онҳо аз ҷониби “Толибон” боздошт шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон танҳо дар моҳи декабри соли 2024 беш аз 80 нафар, дар моҳи сентябри соли 2022 беш аз 200 нафар ва дар ҳолатҳои алоҳида даҳҳо нафарро аз кишвар ихроҷ кардаанд, ки чунин амалҳо “принсипи манъи ихроҷ”-и нафаронеро, ки барои паноҳҷӯӣ муроҷиат мекунанд, нақз мекунад.

Ва Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезаҳо ва Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар аз боздошту ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ, аз ҷумла кӯдакон аз хоки Тоҷикистон борҳо изҳори нигаронии ҷиддӣ кардаанд, аммо Ҳукумати кишвар ин ҳама талабу нигарониҳоро мисли ҳамеша нодида гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.

Роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор таъмир шуд, аммо аз ҳисобӣ кӣ?

Мақомоти Ҳисор аз анҷоми мумфаршкунии роҳи Душанбе–Шарора–Ҳисор хабар доданд. Дар таъмири ин роҳи ҷумҳуриявӣ соҳибкорон ва сокинон низ саҳм гузоштаанд, аммо чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ шуд, маълум нест.

Ихроҷи чанд донишҷӯ барои иштирок накардан дар “маршировка”

Чанд донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба хотири иштирок накардан дар "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ шуданд.

Чин хостори густариши ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Чян рӯзи душанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.