Покистон дар камтар аз як моҳ 120 ҳазор афғонро ихроҷ кард

Дар як моҳи ахир давлати Покистон ихроҷи шаҳрвандони Афғонистонро бештар кард, ки ин боиси шиддат гирифтани танишҳо байни мақомоти ду кишвар гаштааст.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон эълом кард, ки аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ то кунун наздики 120 ҳазор муҳоҷири афғон аз Покистон ихроҷ шудаанд.

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, дар байни ихроҷшудаҳо ҳазорон зану духтар вуҷуд дорад, ки аз ояндаи худ дар Афғонистоне, ки таълими духтарон мамнуъ аст, нигаронанд.

Арафот Ҷамол, раиси Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Афғонистон, ки аз раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон дар гузаргоҳи Турхам боздид кардааст, мегӯяд, афғонҳое, ки аз Покистон ихроҷ мешаванд, хеле аз онҳо дар ин кишвар ба дунё омада, онҷо бузург шудаанд ва таҷрибаи зиндагӣ дар Афғонистонро надоранд ва ҳатто дар ин кишвар маконе барои зиндагӣ низ надоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ниҳодҳои байналмилалӣ, феълан зиндагии нисфи аҳолии Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона вобаста аст ва бозгашти ҳазорон муҳоҷири бесарпаноҳ боз ҳам шароити иқтисодиро дар ин кишвар вазнинтар мекунад.

Рӯзи якшанбе Вазорати корҳои дохилии Покистон дар як изҳороте эълом кард, ки аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ беш аз 100 ҳазор афғонро ихроҷ кардааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир тақрибан се миллион муҳоҷири афғон дар он кишвар зиндагӣ ва кор мекунанд.

Вазири корҳои дохилии Покистон Талол Чудҳурӣ рӯзи ҷумъа ба расонаҳо гуфт, ки тамоми муҳоҷирони сабтшудаи Афғонистон бояд то 30-юми июни соли ҷорӣ Покистонро тарк кунанд ва дар акси ҳол ихроҷи қонунии онҳо шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон дар соли 2021 кам кам танишҳо байни ҳукумати Покистон бо Толибон оғоз шуд. Ҳарду ҷониб якдигарро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мекунанд. Покистон дар посух ба мақомдорони Толибон ихроҷи муҳоҷирони афғонистониро пеш гирифт. Ин кишвар мегӯяд, солҳои тӯлонист, ки миллионҳо афғон дар ин кишвар бидуни асноди будубош кору зиндагӣ мекунанд ва акнун хоки Покистонро бояд тарк кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар ноҳияи Шоҳмансур марде бо гумони рабудани ноболиғ ва ҳаракатҳои бадахлоқона боздошт шуд

Дар Душанбе як мард бо гумони рабудани ноболиғ ва анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ӯ боздошт шудааст.

Баъди бозӣ бо Партугалия шонси бурди Узбекистон ба давраҳои баъдӣ хеле кам шуд

Дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дуюми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз тими Португалия бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд ва имкони роҳ ёфтанаш ба марҳилаи баъдӣ коҳиш ёфт.

Шикояти сокинон: Маъмурони барқ ҳамро беҳуда қарздор мекунанд

Сокинони бархе ноҳияҳои кишвар аз он шикоят доранд, ки маъмурони барқ хона ба хона гашта, ҳамаро беҳуда аз барқ қарздор менависанд ва ҷарима мебанданд.

Тирпарронӣ ва боздошти навраси 15-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду навраси тоҷикро, ки байни худ даргир шуда ва дар натиҷа тирпарронӣ карданд, боздошт кардааст.