Ҳунарманди маъруфи театру синамои тоҷик даргузашт

Рӯзи 27-уми апрели соли ҷорӣ ҳунарманди шинохтаи театру синамои тоҷик Асланшоҳ Раҳматуллоев дар умри 71-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Наздикони ин ҳунарпеша ба расонаҳо гуфтаанд, ки дирӯз саломатияш хуб буд ва аз дарде шикоят надошт. “Тахминан соати 11-и рӯзи гузашта, нахуст дар хона ҳаммом кард, ранге барои ҷон додан омода шуд ва соати 11:15 нобаҳангом аз олам чашм пӯшид.“-мегӯянд пайвандони марҳум.

Гуфта мешавад, намози ҷанозаи марҳум зуҳри имрӯз, 28-уми апрел дар масҷиди Имом Аъзам Абуҳанифа, маъруф ба масҷиди нави Душанбе баргузор гашт ва дар қабристони Лучоб ба хок супурда шуд.

“Аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар!” аз маъруфтарин гуфтаҳои Асланшоҳ Раҳматуллоев аст, ки дар сари забонҳо мегашт. Ӯ дар як намоише нақши шоҳи мушонро бозӣ мекард ва ин суханаш аз он замон маъруф шуда буд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев соли 1954 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 1975 ба кори театру синамо шуруъ карда, дар даҳҳо намоиш ва филмнома нақш бозидааст. Ӯ давоми 30 соли ахир корманди театри “Оина” буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...