27.9 C
Dushanbe

Сафи тоҷикон дар артиши Русия рӯз ба рӯз меафзояд

Русия ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷанги зидди Украина афзоиш додааст.

Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” 18-уми августи соли 2025, номи 628 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр кардааст, ки дар шаш моҳи аввали соли 2025 бо Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия шартнома бастаанд.

Ин омор баёнгари афзоиши суръати ҷалби хориҷиён ба ҷанги зидди Украина нисбат ба давраҳои соли гузашта мебошад.

Қаблан ҳамин марказ номи 931 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар солҳои 2023 ва авоили соли 2025 дар сафи артиши Русия зидди Украина ҷангиданд нашр карда буд. Дар ин омор гуфта мешуд 196 нафарашон фавтидаанд, ки ҷавонтаринашон 18 ва калонсолтаринашон 70 сол доштааст.

Ин шумораи бештарин дар байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистон буда, омор метавонад аз ин ҳам бештар бошад. Чун пештар раҳбари Маъмурияти байналмилалии исломӣ муфтӣ Шафиқ Пшихачев дар ҷаласаи Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия гуфта буд, ки беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аммо бар хилофи Узбекистон, ки дар он ҷо иштирок дар ҷанг метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда расонад, дар Тоҷикистон то ҳол ягон ҳолати боздошт ё ҳукм нисбати сарбозон ё ҷалбкунандагон ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳатто додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотие ба хабарнигорон гуфта буд, ки дар бештар аз се соли охир касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд, чун баъзе аз онҳо душаҳрвандӣ доранд ва ҳар нафаре, ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул кунад, талабот ва уҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунад.

Иддаои ин мақомдори тоҷик дар ҳолест, ки борҳо муҳоҷирони тоҷики бе шаҳрвандии Русия аз ҷалби иҷборияшон ба артиши ин кишвар шикоят карда буданд ва дар аксар ҳолат ба муҳоҷирон пас аз адои хидмат ё бастани шартнома бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳуҷҷати ин кишвар дода мешавад.

Маркази ҳамоҳангсозии асирони ҷангии Украина “Хочу жить” низ навиштааст, ки мақомоти Русия ҳангоми рейд аз зӯроварӣ ва фишори равонӣ нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ истифода бурда, онҳоро боздошт карда, баъдан маҷбур месозанд то бо Қувваҳои мусаллаҳи Русия бо ваъдаи шаҳрвандӣ ё пули зиёд шартнома имзо намоянд. Дар сурати рад кардан, муҳоҷиронро бо зиндон таҳдид мекунанд ё ҳатто латтукӯб менамоянд.

Пас аз ворид шудан ба артиш, тоҷиконро аксар вақт дар воҳидҳои ҷудогона ҷамъ карда, ба минтақаҳое равона месозанд, ки талафот дар онҷо махсусан зиёд аст.

Пештар ба Azda.tv як сарбози тоҷик низ гуфта буд, ки шартномаи як солааш бо Вазорати дифои Русия дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба охир расид, аммо бо гузашти ду моҳ ва навиштани даҳҳо ариза ва нома ба Додситонӣ ва Вазорати дифои Русия ба ӯ иҷоза надодаанд, ки аз минтиқаи ҷангӣ берун барояд ва ҳатто иҷозаи рухсатиро ба ӯ надодаанд.

Ӯ ҳамчунин таъкид карда буд, ки вазъи руҳияш бад асту чашми чапаш хуб намебинад ва маълумотнома (справка)-и духтур ва тавсифнома (характеристика)-и муовини фармондеҳи дастаи низомӣ (командири рота)-яшро ба даст овардааст, ки дар онҳо гуфта мешавад, ҳаққи идома ширкат дар ин ҷангро надорад.

Вале, ба гуфтаи худаш, бо вуҷуди ин ҳама, ӯро маҷбур доранд, ки боз барои идомаи иштирок дар ҷанги зидди Украина бо шиносномаи русияш шартномаи нав бандад. То ҳол тақдири ин ҷавони тоҷик норӯшан боқӣ мондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кӣ рост мегӯяд, Вазорати маориф ё мардум?

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вобаста ба эътирозҳои мардум дар бораи пулситониҳои бемавриди мактабҳо аз волидайн вокуниш кард.

ПМТ хостори таъсиси як механизми мустақил барои озодии зиндониёни Бадахшон шудааст

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ ҷомеаи ҷаҳониро даъват намудааст, то барои пешгирӣ ва хотима додани саркӯби мардуми бумии Бадахшон иқдомҳои фаврӣ анҷом диҳанд.

Зеленский дар Кохи Сафед чӣ ба даст овард?

Рӯзи гузашта дар Кохи Сафед нишасти махсуси Доналд Трамп бо Владимир Зеленский ва сарони кишварҳои аврупоӣ баргузор шуд.

Русия мехоҳад сафи муҳоҷирони кориро кам кунад

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия тарҳи қонунеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он аз соли 2026 саҳми коргарони хориҷӣ дар нӯҳ бахши иқтисоди ин кишвар кам карда мешавад.