Дар пасманзари саркӯби озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе бинои нави Донишкадаи исломӣ ифтитоҳ шуд.
21-уми августи соли ҷорӣ, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писараш, раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар ноҳияи Синои пойтахт иштирок кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, сохтмони биноҳо соли 2019 аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ оғоз ёфта буд. Аммо дар хабарҳо номи соҳибкорон ва маблағи масрафнамуда оварда нашудааст.
Гуфта мешавад, ин донишкада дар масоҳати зиёда аз ду гектар замин сохта шуда, дорои 7 бино, маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ, хобгоҳ ва дигар ҳуҷраҳо буда, барои таҳсили 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
Инчунин донишкада дорои осорхона буда, дар он нусхаҳои нодири дастнависҳо, аз ҷумла Қуръони карим, китобҳои таърихӣ ва осори донишмандони тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд.
Бояд гуфт, Донишкадаи исломӣ дар ҳоли ҳозир танҳо макони расмии таълими динӣ дар Тоҷикистон буда, барои тоҷиконе ки берун аз он таълими динӣ мегиранд ҷавобгарии ҷиноӣ муайян шуда, метавонанд аз 60 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то се сол зиндон шаванд.
Ҳатто бори аввал рӯзи 19-уми август шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ мисли падараш Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додрасҳо аз таълими ғайриқонунии динӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ карда, бидуни овардани оморе гуфтааст, 80 дарсади онҳое, ки ғайриқонунӣ таълими динӣ гирифтаанд, ҷавонони то 30-сола мебошанд.
Пештар аз ин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 105 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 175 нафар, аз ҷумла 86 ноболиғ иштирок доштаанд. Ғайр аз ин, 32 донишҷӯ, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Гуфта мешавад, созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳои режими имрӯзаи Тоҷикистонро барои маҳдуд намудани озодиҳои динӣ дар кишвар ва саркӯбу боздошти диндорон танқид карда буданд.
Ҳатто Комиссюни байналмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) борҳо аз мақомоти Амрико хоҳони ҷорӣ кардани таҳримҳои ҳадафмандона бар зидди баъзе идора ва мансабдорони Тоҷикистон ва он афроде, ки дар поймол кардани озодии динии сокинон нақш доранд, шуда буд.
Ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз соли 2016 Тоҷикистонро ба хотири фишор болои диндорон ва поймол кардани ҳуқуқҳои динӣ ва мазҳабии шаҳрвандон дар қатори “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ҷой додааст.