26.9 C
Dushanbe

СММ: ДИИШ-и Хуросон таҳдиди ҷиддӣ барои Осиёи Марказист

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид 20-уми августи соли равон зимни нишасте ҳушдор дод, ки ДИИШ-и Хуросон ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ барои Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Аврупо боқӣ мондааст.

Дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ, ки вобаста ба “Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни терроризм” баргузор шуд, таъкид гардид, ки фаъол шудани ДИИШ-и Хуросон дар Афғонистон таҳдиди ҷиддие ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистон мебошад.

Мудири Идораи зиддитеррористии СММ, муовини Дабири кул Владимир Воронков зимни суханронияш гуфт, ки “Таҳдидҳо ба сулҳу амнияти байналмилалӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи террористии ДОИШ эҷод мешаванд, сарфи назар аз талошҳои ҷиддӣ барои аз байн бурдани онҳо, ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст.”

Ин намояндаи баландпояи СММ мегӯяд, ки ДИИШ дар Афғонистон, Сумол, Сурия ва Африқо ба таври фаъол нерӯ ҷалб мекунад ва барои дарёфти кумакҳои молӣ таблиғот мебарад. Аз ҷумла, ӯ таъкид мекунад, ки ДИИШ ҳоло аз фанновариҳои навин, ба монанди рамзҳои диҷиталӣ ва шабакаҳои рамзгузоришуда истифода мекунад, ки пайгирии фаъолияти молии онҳо барои ниҳодҳои байналмилалӣ сахт аст.

Ба гуфтаи ӯ, ДИИШ аз платформаҳои рамзгузоришуда барои гуфтугӯ байни аъзои худ ва ба таври васеъ аз ҳуши маснуӣ барои таблиғоташ истифода мебарад.

Воронков қайд кард, ки тибқи иттилои кишварҳои узв, ДОИШ метавонад ба ҷалби мутахассисон дар соҳаи амнияти киберӣ талош кунад, ки ин боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад.

Ҳамчунин дар ин нишаст ёвари Дабири кулл ва раиси Директориати иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии СММ Наталя Герман гуфт, ки ҳоло барномаҳои СММ барои кумак ба кишварҳо дар самти дастгирии ислоҳоти қонунгузорӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии минтақавӣ барои муқовимат ба маблағгузории терроризмро дар бар мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳи махсус ба технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла ҳуши маснуӣ дода мешавад, ки аз ҷониби ДОИШ барои таблиғот ва ҷалби ҷангҷӯён истифода мегардад. Ӯ мегӯяд, бо омӯзиш ва пиёда кардани барномаи ҳуши маснуӣ аз ҷониби давлатҳо метавон фаъолиятҳои террористӣ ошкор ва пешгирӣ карда шаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш коршиносони СММ дар гузорише ба Шӯрои Амнияти СММ навишта буданд, ки Толибон дар Афғонистон шароити амнеро барои гурӯҳҳои террористӣ фароҳам кардаанд, ки ин таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти Осиёи Марказӣ ва соири кишварҳо ба шумор меравад.

Аммо мақомоти Толибон пайваста гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди вуҷуди пойгоҳҳои омӯзишии марбут ба гурӯҳҳои террорисиро рад мекунанд ва онро муғризона ва якҷониба медонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сухане чанд дар бораи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон

Кишвари Лаҳистон барои муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни тоҷик дар тӯли наздик ба ду дахсола, шаке нест, ба истгоҳи амн, вале муваққатӣ, ҷое барои гирифтани таҷруботи баъдӣ ва макони хуб барои транзити мароҳили баъд табдил шудааст.

Шоҳнома ройгон, аммо миллионҳо сомонӣ аз буҷа ба кисаи кӣ рафт?

Дар Тоҷикистон паҳн кардани китоби "Шоҳнома"-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба таври ройгон оғоз ёфтааст.

Падару писар бинои нави Донишкадаи исломиро боз карданд

Дар пасманзари саркӯби озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе бинои нави Донишкадаи исломӣ ифтитоҳ шуд.

Ба корманди БДА пора надиҳӣ, туро “хоини давлат” муттаҳам мекунад

Сокинон мегӯянд, агар ба пулиси роҳ пора надиҳӣ, талош мекунад туро гунаҳкор барорад, агар аз ҳуқуқат талаб кардӣ, ҳатто ба ҷурми "хиёнат ба давлат" муттаҳамат мекунад.