Олмон парвандаи Дилмуродро аз нав баррасӣ мекунад

Додгоҳе дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон қазияи шаҳрванди ихроҷшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Эргашевро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дилмурод Эргашев шаҳрванди 42-соли Тоҷикистон ёздаҳ сол боз дар шаҳри Клевеи Олмон зиндагӣ мекард, аммо тирамоҳи соли гузашта аз ин кишвар ба Тоҷикистон ихроҷ гардид. Билофосила пас аз расидан ба Тоҷикистон ӯ боздошт ва бо ҳукми додгоҳ ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд.

Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон пеш аз ихроҷи Дилмурод Эргашов дар бораи эҳтимоли таъқиб ва шиканҷа нисбат ба ӯ ҳушдор дода буданд.

Вакили дифои Эргашев ба расонаҳои олмонӣ изҳор доштааст, ки ҳадафи мурофиа ин аст, ки собит кунанд, ихроҷи ин паноҳандаи тоҷик ғариқонунӣ мебошад.

Инчунин гуфта мешавад, дар мурофиа вакилон аз парлумон (Бундестак) низ ҳузур доштаанд. Вакилон таъкид кардаанд, ки пеш аз қабули қарор дар мавриди ихроҷ ба кишварҳои дорои низоми авторитарӣ, зарур аст хатари эҳтимолии шиканҷа ва таъқиб пурра ба назар гирифта шавад.

Ба гуфтаи коршиносон, баррасии ин қазия метавонад барои тасмимҳои минбаъдаи марбут ба парвандаҳои муҳоҷирону паноҳҷӯён аҳамияти муҳим дошта бошад.

Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсӣи муқими Олмон, бар он назар аст, ки дар сурати мусбат будани қарори додгоҳ, он метавонад далели қавӣ барои оянда бошад ва ба судури ҳукм ба фоидаи паноҳҷӯёни тоҷик дар Олмон мусоидат кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ин парванда нишон медиҳад, ки ихроҷ кардани паноҳҷӯён ба Тоҷикистон хатарҳои ҷиддӣ дорад ва паноҳандаи сиёсӣ метавонад шиканҷа шуда, ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон гардад. Ин ҳукм дар оянда метавонад як далели муҳим барои вакилони дифоъ бошад ва ба гирифтани ҷавоби мусбат барои паноҳандаҳои тоҷик мусоидат кунад.

Одинаев бар ин бовар аст, ки ин қарор дар сурати мубсат будан метавонад ба ҳукумати Олмон фишор оварад, то аз Тоҷикистон шарҳи расмӣ талаб кунад ё дар сатҳи байналмилалӣ барои ҳимояи Дилмурод Эргашов фаъол шавад. Ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар, аз ҷумла Amnesty International ва Human Rights Watch, метавонанд бо такя ба қарори додгоҳ масъалаи озод кардани Эргашовро талаб кунанд.

Додгоҳ дар ин бора ишора намудаст, ки имкон дорад парванда аз нав баррасӣ гардад. Қозии мурофиа таъкид кардааст, ки бояд фикр кард, парвандаҳои ҳуҷҷатшуда дар оянда барои мурофиаи паноҳҷӯёни тоҷик чӣ гуна паёмадҳо хоҳанд дошт.

Қарор аст ҳукми ниҳоии додгоҳ дар ҳафтаҳои наздик содир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ихроҷи Дилмурод Эргашов 18-уми январи соли 2023 мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буданд. Ӯ баъдан ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳи Димишқ муфтии пешини Сурияро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноии чоруми Димишқ рӯзи душанбе, 24-уми август Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии пешини Сурия дар замони ҳукумати Башор Асадро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ихроҷи ду муҳоҷир аз Русия барои пӯшидани либоси занона

Додгоҳи ноҳияи Люблинои Маскав ду шаҳрванди хориҷиро барои "тарғиби ЛГБТ" ба 10 шабонарӯз ҳабс ва ихроҷ аз Русия маҳкум кардааст.

Боздошти се гумонбар бо иттиҳоми оташ задани бозори шаҳри Ҳисор

Дар шаҳри Ҳисор се гумонбар бо иттиҳоми ташкили сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонӣ боздошт шудаанд.

Оё Эрон барои пайвастан ба Созишномаи Макка даъват шудааст?

Ба гузориши расонаҳо, Эрон барои пайвастан ба Созишномаи муштараки дифоии Макка, ки чанде пеш миёни Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон ба имзо расид, даъват шудааст.