23.9 C
Dushanbe

Дар Ғазза боз 4 рӯзноманигори дигар кушта шуд

Бар асари ҳамлаҳои шадиди Исроил ба Хон-Юнуси Ғазза 4 рӯзноманигор, аз ҷумла наворбардорони шабакаи “Ал-Ҷазира” ва “Reuters” кушта шуданд.

Артиши Исроил субҳи рӯзи душанбе ба беморхонаи “Маҷмааи тиббии Носир” дар Хон-Юнус бо ҳавопаймоҳо ҳамлаҳои шадид анҷом дод. Бар асари ин ҳамлаҳо 15 фаластинӣ, аз ҷумла 4 рӯзноманигор кушта шуданд, ки аз яке аз онҳо зан буд.

Мувофиқи омори Идораи ҳукуматии рӯзноманигорон дар Ғазза, Исроил аз оғози ҷанг 244 рӯзноманигорро бо шумули ин 4 нафар, ки субҳи имрӯз мавриди ҳадаф қарор гирифтанд, дар ин борика куштааст.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, артиши Исроил махсус ва ҳадафмандона ошёнаи 4-уми беморхонаи “Носир” ва чанд бинои дохили ин маҷмааро мавриди ҳадаф қарор дод. Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, гурӯҳи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуолодда барои аз зери овораҳо берун кашидани ҷасадҳо ва ё маҷруҳин талош доштанд, ки Исроил ҳамлаи дуюмашро бо ҷангандаи бесарнишин анҷом дод ва ин шумори ҷонбохтагону захмиёнро дучанд кард.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, яке аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ғазза дар ин ҳамла низ ҷони худро аз даст дод ва 7 корманди дигараш захмӣ шудаанд.

Ҳамлаи маргбори Исроил ба беморхонаи “Носир” дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳуҷумҳои ҳавоӣ ва заминии артиши он ба Ғазза аз 7-уми октябри соли 2023 идома дорад.

Дар ҳамин ҳол Созмони ҳукуматии рӯзноманигорони Ғазза аз ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон хоста, ки ҷиноятҳои қатлу куштори бераҳмонаи Исроил дар Ғаззаро маҳкум кунанд ва ӯро ба ҷиноятҳои мақомоти ин кишварро ба додгоҳҳои байналмилалӣ бикашонанду муҷримонро ба чанги адолат супоранд.

Исроил аз 7-уми октябри соли 2023 бо кумакҳои кишварҳои абарқудрат болои мардуми Ғазза беамон аз замин ва ҳаво бомборон дорад. Мувофиқи оморҳои расмӣ, то кунун дар пайи ин ҳамлаҳои сангини Исроил 62 ҳазор нафар кушта ва 158 ҳазор фаластинии дигар захмӣ шудааст. Ва шумори онҳое, ки зери овораҳо монданду ё беному нишон гаштаанд, беш аз 10 ҳазор гуфта мешавад.

Ҳамлаҳои Исроил ба манотиқи Ғазза пас аз тасмимаш дар бораи ғасби комили ин борика шиддат ёфтаст. Ва ба ин далил вуруди обу ғизоро ба Ғазза ба таври куллӣ манъ карда, ки рӯзона аз гуруснагии шадид садҳо зану кӯдак ва пиронсол ҷон медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Панҷумин ҳолати марги зодагони Бадахшон дар зиндонҳои Тоҷикистон

Дар соли 2025 дар зиндонҳои Тоҷикистон панҷ маҳбуси сиёсии зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фавтидаанд.

400 сомонӣ барои аксгирӣ аз Кохи Наврӯз

Як корбари Фейсбук бо нашри навори видеоие шикоят карда, ки ҳангоме мехост аз Кохи Наврӯз акс ва наворбардорӣ кунад, аз ӯ 400 сомонӣ талаб кардаанд.

Олмон парвандаи Дилмуродро аз нав баррасӣ мекунад

Додгоҳе дар шаҳри Дюсселдорф Олмон қазияи шаҳрвандии ихроҷшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Эргашевро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар Русия фаъолияти диаспораҳо манъ ва қоидаҳои ҷалби коргарони хориҷӣ сахттар мешавад?

Дар Думаи давлатии Русия чораҳои наве барои маҳдуд кардани шароити кор ва қоидаҳои тоза барои ҷалби муҳоҷиронро баррасӣ карданд.