-0.1 C
Dushanbe

Қатар барои бунёди “Роғун” $50 миллиони медиҳад

Қатар барои сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарзи имтиёзнок медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ин маврид рӯзи 23-уми августи соли ҷорӣ дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Хазинаи Қатар дар мавриди рушд Ҳамад Ал-Сулайтӣ созишномаеро ба имзо расондаанд. Шартҳои созишнома айни ҳол ошкор нашудаанд.

Аммо Вазорати молия иддао кардааст, ки маблағҳо ба пешбурди лоиҳаи “Роғун” равона шуда, иҷрои он ба таъмини амнияти энергетикӣ ва афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ барои бозори дохилӣ ва содирот мусоидат хоҳад кард.

Инчунин ҷонибҳо пас аз имзои созишнома, роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва иштироки минбаъдаи Хазинаи Қатар дар мавриди рушдро дар дигар барномаҳои муҳими давлатӣ баррасӣ намуданд.

Ҳайати ин хазина ҳамзамон бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳҳо миллион доллар кумаки навбатии Чин ба Тоҷикистон

Давлати Чин бо сармояи даҳҳо миллион доллар ба мазбонони тоҷик дидбонгоҳҳо месозад.

Агар мошинат суғурта надошта бошад, тавассути камераҳои роҳ муайян мешавад

Аз ин пас агар дар Тоҷикистон мошинат аз ташхиси тахнекӣ нагузашта бошад, бидуни пурсиши пулис камераҳо онро муайян карда метавонанд.

Роҳи байналмилалии Рӯшон-Варшез бо сармоягузорӣ кӣ сохта мешавад?

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Бонки рушди исломӣ дар робита ба амалӣ сохтани лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, қисмати Рӯшон-Варшез гуфтугӯ карданд.

Вуруд ба Русия — танҳо бо суғурта!

Вакили рус пешниҳод карда, ки барои муҳоҷирони корӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия доштани суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС) ҳатмӣ карда шавад.