27.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон ба духтараш унвони нав дод

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба духтараш Озода Раҳмон, ки раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент мебошад, унвони фахрии “Корманди шоиста”-ро додааст.

Маросим ҷоизасупорӣ рӯзи 25-уми август дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар маҷмуъ ба дусад нафар унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурда шудааст.

Дар сомонаи расмии Президент гуфта мешавад, дар остонаи 34-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон 23 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоиста”, 3 нафар бо ордени “Дӯстӣ”, 1 кас бо ордени “Шараф” дараҷаи I, 11 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 107 кас бо медали “Хизмати шоиста” ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар миёни ин дусад нафар дар ҳоле ба духтараш унвони нав медиҳад, ки дар гузашта ба ӯ ордени “Шараф” (дараҷаи як), рутбаи мушовири давлатии адлия ва рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро низ дода буд.

Ва ҷоизагирии ӯ ҳам дар ҳолест, ки чанде аз донишмандону ҳунармандон, ки дигарандешанду ба ҳукумат наздик нестанд, аз бетаваҷҷуҳӣ ва қадр нашудани хидматҳояшон шикоят доранд.

Озода Раҳмони 46-сола духтари дуввуми раисҷумҳур буда, аз соли 2016 раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент, яъне падараш мебошад. Ӯ дар гузашта дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико ва дар мақоми муовини вазири корҳои хориҷӣ низ кор карда, шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев замоне муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд.

Ӯ ягона фарзанди Эмомалӣ Раҳмон нест, ки дар вазифаҳои баланди ҳукуматӣ кор мекунад. Аз ҷумла, писараш Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Олӣ, духтаронаш Рухшона Раҳмонова сафир дар Британияи Кабир ва Фарзонаи Эмомалии 27-сола сардори раёсате дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мебошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон рафт

26-уми августи соли ҷорӣ, раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба шаҳри Остона сафар кард.

Маош зиёд мешавад, аммо нархи маҳсулоту андозҳо чӣ?

Бо фармони президенти Тоҷикистон, аз 1-уми сентябри соли 2025 маош, нафақа ва стипендияҳо дар кишвар зиёд мешаванд. 

Боздошти як блогер барои таҳқири Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”

Мақомоти Эрон нисбат ба Зайнаб Мусавӣ, блогери маъруфи танзпардоз,...

Қатар барои бунёди “Роғун” $50 миллиони медиҳад

Қатар барои сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии "Роғун" ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарзи имтиёзнок медиҳад.