Дар Русия телеграм-бот бо номи “Стоп мигрант” фаъол шуд

Дар Думаи давлатии Русия барои маҳдуд сохтани фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар телеграм-боти “Стоп мигрант” фаъол шуд.

Муаллифони тарҳ вакилон аз ҳизби “Справедливая Россия – За правду” буда, тариқи ин бот шаҳрвандон метавонанд дар бораи қонуншиканиҳои эҳтимолӣ аз ҷониби муҳоҷирон хабар диҳанд.

Раҳбари ин ҳизб ва вакили рус Сергей Миронов гуфта, ки ба бот метавон паёмҳо дар бораи “хонаҳои резинӣ”, будубоши ғайриқонунии муҳоҷирон дар кишвар, вайрон намудани қоидаҳои ҷамъитӣ, рафтори дағалона ва дигар ҳолатҳои қонуншиканиро ирсол кард.

Ӯ иддао карда, ки ҳамаи муроҷиатҳо санҷидаву ба пулис фиристода мешаванд ва аз мақомоти қудратӣ вокуниши муносиб ба ҳар як муроҷиатро талаб хоҳанд кард. Вале, маълум нест бо хабарҳои дурӯғе, ки аз ҷониби русҳо ворид хоҳад шуд, чӣ хоҳанд кард.

Коршиносон бар ин назаранд, ки фаъол шудани чунин ботҳо дар замоне ки муҳоҷирбадбинӣ дар Русия ба авҷи худ расидааст, боиси зиёд ворид шудани маълумотҳои дурӯғу носанҷида дар бораи муҳоҷирон мешавад ва он метавонад барои шаҳрвандони хориҷӣ дардисарсоз гардад.

Гуфта мешавад, ҳизби “Справедливая Россия – За правду” бо раҳбарии Сергей Миронов муаллифи чандин тарҳи қонунҳои зидди муҳоҷирӣ буда, ин ҳизб ҷонибдори ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, манъ кардани ҷалби муҳоҷирон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ба мисли сохтмон ва нақлиёт мебошад.

Ҳамзамон Миронов борҳо гуфта буд, ки танҳо муҳоҷироне бояд ба Русия роҳ дода шаванд, ки дорои маълумоти биометрӣ ва суғуртаи тиббии пулакӣ ҳастанд ва вуруди муҳоҷирон бо оилаҳо маҳдуд шуда, танҳо ба онҳо усули кории “омад-кор кард-рафт” иҷозат дода шавад. Инчунин ҳизби ӯ пешниҳод карда буд, ки маблағи махсусе барои эҳтимоли ихроҷи муҳоҷирон аз онҳо пешакӣ ситонида шавад то бо пули андози ба гуфтааш русҳо ин кор сурат нагирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.