Фарзандхондашро бо НОС кушт

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз як ҷинояти куштани кӯдаки 6-сола тавассути падарандар хабар дод.

Ин ниҳод рӯзи сешанбе, 2-юми сентябр дар сомонааш хабар дод, ки кормандони ШВКД-2 дар н.Сино Бахтиёри Намоз, сокини 33-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо гумони даст доштан дар қатли писари ҳамсараш дастгир карданд.

Вазорат мегӯяд, марди боздоштшуда дар содир намудани ҷинояти “аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани кӯдаки хурдсол” гумонбар дониста мешавад. 

“Номбурда санаи 22-юми августи соли ҷорӣ, дар кӯчаи Ф.Муҳаммадиев Назаров С., 6-сола, ки фарзанди ҳамсараш мебошад, лату кӯб намуда, ба таври маҷбурӣ маҳсулоти тамокуро (нос) ба даҳони кӯдак андохтааст. Дар натиҷа ноболиғ Назаров С., дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расид.”, омадааст дар шарҳи хабар.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Бахтиёри Намозро боздошт намуда, ӯ ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва бар зидди ӯ бо моддаи 108-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин бори аввал нест, ки ҳодисаҳои қатлу куштор аз ҷониби войлидан дар хонаводаҳои тоҷик сурат мегирад. Охири моҳи июли соли ҷорӣ хабари кушта шудани Хисрави 15-сола тавассути падараш, Парвиз Одинаве, сокини шаҳри Турсунзода ҳамаро такон дод. Пеш аз ӯ, 30-юми июни соли ҷорӣ Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор аз рашки зиёд 4 фарзандашоро дар дарё ғарқ карду кушт, ки он ҳам хеле дар байни ҷомеаи Тоҷикистон хабарсоз шуд.

Ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки яке аз сабабҳои шиканҷа дар дохили хонаводаҳо ва ҳатто ба марг расондани фарзандон, ин тоб наовардани бузургсолон дар баробари мушкилоти ҳаёт аст. Аз ҷумла, мушкилоти оилавӣ, иқтисодӣ, фақру бекорӣ баъзе волидайнро ба он водор мекунад, ки қаҳру ғазаби худро болои зану фарзандон холӣ кунанд ва дар натиҷа, надониста даст ба ҷиноятҳои мудҳиш мезананд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.